Дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино миёни донишҷӯёни соли дуввум таҳти унвони «Лаҳзаи шӯҳрат» (Звездный час) озмуни фароғативу интеллектуалӣ баргузор шуд.
Мудири кафедари физиологияи мӯътадил, доктори илмхои тиббӣ Фирӯз Шукуров бар ин назар аст, ки ҳангоме ки донишҷӯ бо як мароқу таваҷҷӯҳ фаннеро меомӯзад, тамоми маълумот дар сатҳи биокимиёвӣ мустаҳкам гардида, муддати зиёд дар хотир боқӣ мемонад, вале агар инсонро ба омӯзиш маҷбур созанд, ин маълумот базудӣ фаромӯш мешавад.