spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

А. Кудрин: БРАО ба Тоҷикистон 70 млн. $ cармоягузорӣ мекунад

Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Вазири молияи Русия Алексей Кудрин гуфт, Брнки рушди Авруосиё ба Арманистон 60 млн. ва Тоҷикистон 70 млн. $ маблағ сармоягузорӣ  мекунад.

Зимни суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқоти вазирони молияи кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Киев вазири молияи Русия Алексей Кудрин изҳор дошт, ки дар сурати ба фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС) ҳамроҳ шудан, ҳамаи кишварҳои узви иттиҳод метавонанд аз захираҳои он, ки беш аз 8 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, маблағ дастрас намоянд.

«Сарони кишварҳои Русияву Қазоқистон ба ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид шудан ба фонди зиддибӯҳрониии ЕврАзЭС-ро пешниҳод намуданд, зеро танҳо дар ин сурат онҳо метавонанд аз ҷониби фонд дастгирӣ ёбанд. «Барои ҳамроҳ шудан ба фонд «саҳмгузории рамзии ҳамагӣ 1 млн. $ маблағ» кофӣ аст», – гуфт ӯ.

Кудрин таъкид сохт, ки масъалаи узвият ба Бонки рушди Авруосиё (БРАО) низ ба ҳамин гуна аст ва ба тамоми кишварҳои узви ИДМ пешниҳод шудааст, ки чун саҳҳом узвияти худро ба он тасдиқ намоянд. «Дар бораи татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ дар Қазоқистон ба маблағи 980 млн. $ аллакай тасмим гирифта шуда, боз як дархости Қазоқистон бобати сармоягузорӣ дар ҳаҷми беш аз 4 млрд. $ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад», – иброз дошт ӯ.

Вазири молияи Русия гуфт, аз ҷониби БРАО ба Арманистон 60 млн. ва Тоҷикистон 70 млн. $ маблағ сармоягузорӣ  карда мешавад.

Тоҷикистонро дар мулоқоти мазкур вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов намояндагӣ кард. Дар мулоқоти мазкур баррасии масоили вазъи иқтисодии кишварҳои узви иттиҳод ва кӯмаки молиявӣ ба Белорус дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошт.

Ёдрас мекунем, ки Фонди зиддибӯҳронии ЕврАзЭС соли 2009 дар айёми афзоиши бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ баҳри кӯмак ва дастгирии кишварҳои узви иттиҳод таъсис дода шуда, айни замон қариб 9 млрд. доллари ИМА маблағ дорад ва ояндаи наздик Русия ҳаҷми онро боз ба 500 млн. доллари ИМА афзуданист.

Бонки рушди Авруосиё бо ташаббуси сарони кишварҳои Русияву Қазоқистон соли 2006 таъсис ёфта, моҳи апрели соли 2006 Арманистон, моҳи июни соли 2009 Тоҷикистон ва моҳи июни соли 2010 Белорус ба узвияти он пазируфта шуданд. Сармояи оинномавии БРАО 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...