Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байнулмилалии маҳсулоти саноати сабуки «ИнтерЛегПром-1011» ба кор шурӯъ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи мазкур маҳсулоти ширкатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Туркия, Чин ва корхонаву ширкатҳои ватанӣ ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, муддати се рӯз дар намоишгоҳ гӯшаҳои маҳсулоти бахшҳои технологияву таҷҳизот барои саноати сабук ва бофандагӣ, таҷҳизоти коркарди нахи пахта, чарм, абрешим ва пилла, рангдиҳандаҳову воситаҳои кимиёвӣ, маводи ёридиҳанда, трикотаж, матоъи ҳама навъҳо, калобаву нах, ришта, маҳсулоти текстил барои рӯзгор, пойафзол, мебел барои хона, таҷҳизоту маводи бандубаст ва тамғакоғаз (этикетка)-ҳо амал хоҳанд кард.
Зикр гардид, ки намоишгоҳ ба ифтихори таҷлили чашни 20-умин солгарди истиклолияти Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати чумҳурӣ бо дастгирии ҳукумати кишвар созмон дода шудааст.