Қӯрғонтеппа. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Хатлон мегӯянд соли равон ягон ҳолати шиканча дар рафти тафтишоти пешакӣ ё таҳқиқ аз тарафи кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба қайд гирифта нашудааст.
Раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа Темур Боев зимни як сӯҳбаташ бо хабарнигорон қайд кард, ки соли равон ягон парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми шиканҷа дар суди шаҳри Қӯрғонтеппа баррасӣ нашудааст. «Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки дар рафти мурофиаи судӣ судшавандаҳо даъво пеш меоранд, ки ҳангоми тафтишоти пешакӣ онҳоро мавриди латукӯб қарор додаанд ё онҳо нишондодҳои худро зери фишор додаанд, аммо ягон ҳолате, ки судшавандаҳо ироа кардаанд, тасдиқи худро наёфтаанд. Дар аксари ҳолатҳо онҳо аз он шикоят мекунанд, ки ҳангоми боздошташон ва дар пурсишҳои аввал мавриди шиканҷа ва ё фишор қарор гирифтааанд. Пас агар чунин бошад, чаро дар рафти тафтишоти пешакӣ, ки тамоми пурсишҳо бо иштироки ҳимоягарашон сурат мегирад, дар мавриди он ки нисбаташон фишороварӣ шудааст, шикоят накардаанд? Сарфи назар аз ин, вақте судшаванда ва ё ҳимоячии он дар мурофиаи судӣ шикоят ё дархост пешниҳод мекунад, мо судяҳо онро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор медиҳем», – мегӯяд ӯ.
Муовини прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмасаид Насимов низ зимни суҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, ки ба мақомоти прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа ягон шикоят дар мавриди таҳти фишор ё шиканҷаи мақомоти интизомӣ қарор гирифтани шаҳрвандон ва ё гумонбаршудагон ворид нашудааст. «Мо ҳар як шикояти шаҳрвандонро бидуни санҷиш нахоҳем гузошт, новобаста аз он ки ӯ дар содир намудани ягон ҷиноят гумонбар шудааст ё шаҳрванди бегуноҳ аст. Ҳамчунин дар мавриди боздошти ғайриқонунӣ низ ба мо шикояте нарасидааст. Прокуратураи шаҳр ҳамеша ин масъалаҳоро мавриди санҷиш қарор дода, зери назорати қатъӣ мегирад. Кормандони мо шабона ШКД-и шаҳр ва ё РКД-и вилоятро бидуни огоҳӣ мавриди санҷиш қарор медиҳанд, утоқҳои кории кормандони мақомотро месанҷанд, то ягон нафарро ғайриқонунӣ боздошт накарда бошанд. Дар як ҳолат як шаҳрванд ба мо шикоят кард, ки ӯро кормандони милиса мавриди латукӯб қарор додаанд. Вақте мо ин аризаро санҷидем, маълум шуд, ки ин шаҳрванд дар ҳолати мастӣ осоиши атрофиёнро халалдор мекунад ва шаҳрвандон ба навбатдори ШКД занг мезананд. Кормандони милиса ҳозир шуда, ӯро ором мекунанд ва бо ӯ сӯҳбат мегузаронанд. Ҳангоми гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ дар ягон қисмати бадани аризадиҳанда зарари ҷисмонӣ ошкор карда нашуд. Аз ин рӯ, мо оғози кори ҷиноятӣ дар ин ҳолатро рад кардем. Як масъаларо имрӯз гуфта метавонам, ки прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа боздоштгоҳи муваққатии назди ШКД-и шаҳри Қӯрғонтеппаро ба хотири ба талаботҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набуданаш муваққатан бастааст. Бинои ШКД-и Қӯрғонтеппа бинои кӯҳна буда, боздоштгоҳи муваққатиаш дар таҳхонаи он ҷой гирифта буд. Ба сардори ШКД-и шаҳр амр ирсол намудем, ки боздоштгоҳи муваққатӣ баста шавад ва масъалаи сохтмони боздоштгоҳи муваққатии ҷавобгӯ ба талаботҳои санитарию гигиенӣ сохта шавад», – иброз дошт муовини прокурор.
Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зимни як сафараш ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ низ дар сӯҳбати алоҳида қайд намуд, ки аз қаламрави вилояти Хатлон ягон шикояте бо ҷурми шиканҷа ба ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсони Точикистон нарасидааст. «Шикоятҳо аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ба мо расида буданд. Хусусан аз тарафи нафароне, ки дар маҳбасанд ва ё хешу ақрабои онҳо. Шикояти онҳо на аз муасиссаҳои ислоҳӣ, балки аз он буд, ки дар рафти тафтишу таҳқиқи парвандаҳояшон ҳуқуқҳояшон поймол шудааст. Аммо вақте мо ин ҳолатҳоро санҷида баромадем, дар ягон ҳолат даъвои шикояткунандагон исботи худро наёфтанд. Мо бо сохторҳои алоҳидаи Прокуратураи генералӣ ин гуна аризаҳоро месанҷем ва ҳамкориҳои мунтазам дорем. Дар мавриди шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳӣ бошад, мо мувофиқи нақшаи кориамон, имсол аз муассисаҳои ислоҳӣ боздид хоҳем кард. Дар рафти боздиди ин муассисаҳои ислоҳӣ мо арзу шикоятҳои маҳбусонро шунида ва мавриди таҳлил қарор медиҳем», – иброз дошт Ализода.
Бино ба гуфтаи намояндаи прокуратураи назорат дар муассисаҳои ислоҳӣ, соли равон ба ин прокуратура ягон шикояте аз тарафи маҳбусон нарасидааст. «Солҳои пешин шояд то таъсис ёфтани прокуратураи назорат дар муассисаҳои ислоҳӣ чунин ҳолатҳо ҷой доштанд. Мо ҳамеша аз вазъи муассисаҳои ислоҳӣ огоҳ буда, корҳои тарғиботиро зиёд намудаем. Шояд натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ бошад, ки арзу шикоятҳо нест шудааст», – гуфт намояндаи прокуратура.
Дар ҳамин ҳол, яке аз адвокатҳои собиқадори вилоят, роҳбари ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Хатлон Ғулом Бобоев, ки худ солҳои зиёд ба ҳайси муфаттиш кору фаъолият намудааст, мегӯяд, шиканҷа ҳаст, вале исбот намудани он корест хеле мушкил. Дар робита ба масъалаи мазкур мавсуф чунин ибрози андеша кард: «Дуруст аст, ки дар вилоят чунин намуди ҷиноят ба қайд гирифта нашудааст. Ва чунин чиноятҳоро ҳам мо ҳимоя накардаем. Вале чун дар мурофиаҳои судӣ иштирок мекуниву таъғйир додану илова кардани нишондодҳои судшаванда ва ё айбдоршавандаҳоро мешунавӣ, ки корманди фалон мақомот моро заданд ё маҷбур карданд, ки ҷинояти накардаро ба гардан гирем. Вале исбот кардани чунин ҳолатҳо нест. Бояд ҳар шаҳрванд дар чунин ҳолат ба мақомоти прокуратура ва ё ҳимоягараш шикоят кунад. Барои ҳамин чунин ҳолатҳо нестанд. Дар таҷрибаи адвокатии худ дар чунин ҳолатҳо низ иштирок намудам. Вақте як нафарро ҳимоя мекардам, шикоят кард, ки ӯро мавриди латукӯб қарор додаанд. Мо муроҷиат намудем ба ташхис. Ташхисгарон гуфтанд, ки мо мӯҳлати латукӯб карданро муаяйн карда наметавонем, вале хулосаашорн ин буд, ки зерҳимояи ман зарари вазнини ҷисмонӣ гирифтааст. Ва ҳатто ташхис муаяй намуд, ки чунин зарари ҷисмониро нафари дигар ба ӯ расонидааст. Чунин зарари ҷисмонӣ худ ба худ ба вуҷуд омада наметавонад. Аз таҷрибаи мо танҳо шикоят аз болои кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ мебошад. Дар таҷриба надидам, ки айбдоршаванда гуфта бошад, ки корманди прокуратура, амният ё агентии мубориза бар зидди маводи мухадир маро латукӯб кард. Айбдоршавандаҳо танҳо аз кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилӣ шикоят мекунанд ва нафарони алоҳидаи ин мақомотро нишон медиҳанд, ки онҳоро мавриди латукӯб қарор додаанд. Аммо як нишондоди айбдоршаванда далел шуда наметавонад. Ин нафарро суд даъват мекунад ва айбдоршаванда онро нишон медиҳад, ки ана ҳамин нафар маро латукӯб кард. Аммо корманди милиса дар муқобили ӯ мегӯяд, ман ба ин амал даст назадааму ӯ маро тӯҳмат мекунад. Исботи ин гуна ҳолат хеле мушкил аст. Дар таҷрибаи 12-солаи адвокатии банда ҳамагӣ соли 2008-ум 2 ё 3 нафар кормандони милиса барои латукӯби гумонбаршудагон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд».
Ба қавли Ғ.Бобоев, ин ҷо паҳлӯи дигари масъала ҳам вуҷуд дорад, яъне ҳолатҳое мешаванд, ки гумонбаршудагон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тӯҳмат мезананд. «Вақте ки айбдоршаванда мебинад, ваҷҳҳои ҷинояташ пурра исботи худро ёфтаанд, дидаю дониста ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ тӯҳмат мезанад», – қайд намуд ӯ.
Ба ақидаи адвокат, дар ин масъала шаҳрвандон худ айбдоранд ва онҳо саривақт ба ҳимоягарашон муроҷиат намекунанд. «Вақте ки ҳимоягар аз нафари зерҳимояаш мепурсад, ки ҳамин нишондодро худат бо хоҳиши худат додаӣ ва ҳеҷ кас туро маҷбур накардааст, онҳо инро тасдиқ месозанд. Тамоми пурсишҳои муфатишон дар рафти тафтишоти пешакӣ бо иштироки ҳимоячӣ сурат мегирад. Аз ин хотир, суд дигар ба айбдоршаванда бовар намекунад», – афзуд Ғулом Бобоев.