Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Э.Раҳмон вакилони Парлумони Аврупоро бо мушкилоти обу энергетикаи ОМ шинос кард - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Э.Раҳмон вакилони Парлумони Аврупоро бо мушкилоти обу энергетикаи ОМ шинос кард

13
13

Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Зимни суханронӣ дар ҷаласаи муштараки Кумитаи равобити байналмилалӣ ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки алҳол дар Осиёи Марказӣ  дарки масоили марбут ба  фазои тафоҳум ва ҳамгироӣ дар сатҳи зарурӣ қарор нагирифтааст ва дар минтақа дар ин самт масоили муайяне мавҷуд аст, ки ҳаллу фасли худро интизоранд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар идомаи суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки онро бо нияти нек ва ҳамкории созандаи кишварҳои ҳамсоя ҳал кардан ғайриимкон бошад. «Ин мавқеъ қабл аз ҳама ба ҳаллу фасли масоили обу энергетика дахл дорад, ки ҳамеша вирди забонҳост ва калиди ҳалли ин масъаларо мо метавонем боз ҳам бо як калима ифода намоем: ҳамкорӣ!», – таъкид дошт ӯ.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон, ки дар саргаҳи об қарор дорад ва дар қаламраваш тақрибан 60 фисади оби минтақа ташаккул меёбад, ҳамеша омодаи ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст. «Дар баробари он, норасоии захираҳои сўзишворӣ яке аз омилҳои боздошти рушд ва болоравии иқтисодиёти кишвар гардидааст. Бинобар сабаби мавҷуд набудани захираҳои худии нафту газ мамлакат тамоми талаботи худро аз ҳисоби воридот аз дигар ҷумҳуриҳо таъмин менамояд», – иброз дошт президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ инчунин қайд кард, ки «мавқеи принсипиалии мо, ки онро ман борҳо аз минбарҳои мухталиф таъкид кардаам, иборат аз он аст, ки мо ҳеҷ гоҳ ҳамсоягони худро бе об нахоҳем гузошт ва ҳатто пешниҳод кардем, ки захираҳои кўли баландкўҳи Сарез, ки худ як хазинаи беназири оби аълосифати ошомиданӣ аст барои таъмин намудани ҳамаи аҳолии Осиёи Марказӣ истифода шавад. «Вале дар айни ҳол бар он ақидаем, ки мардуми Тоҷикистони дар тўли 15 соли охир ҳар зимистон аз камбуди барқ азияткашанда, ки он дар давоми ҳар сол 6 моҳи зимистон фақат шашсоатӣ ҳар рўз барқ мегирад, ҳаққи истифода аз  сарватҳои табиии худро дорад, ки ин нуқта дар аксари асноди ҳуқуқи байналмилалӣ омадааст», – зикр кард ӯ.

Президенти Тоҷикистон хотиррасон намуд, ки ягон иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бар зарари ягон нафаре нахоҳад буд, балки як нигоҳи беғаразона ва одилона ҳамеша исбот хоҳад кард, ки ҳамаи кишварҳо ва кулли минтақа аз онҳо фақат манфиат хоҳанд дид. «Соҳаи гидроэнергетика, ба ѓайр аз таъмини қувваи арзони барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин аз нуқтаи назари истифодаи захираҳои устувори табиии энергияҳои таҷдидшаванда дар оянда муҳим аст ва айни замон истифодаи он барои ба таври назаррас кам кардани партовҳои гази карбон ба фазо мусоидат менамояд», – иброз дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки Иттиҳоди Аврупо, минҷумла сохтори парлумонии он  дар омода сохтани фазои мусоид барои чунин ҳамкорӣ  метавонанд саҳми боз ҳам фаъолтар  дошта бошад. «Вобаста ба ин мо интизорем, ки ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи татбиқи Стратегияи худ барои Осиёи Марказӣ ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои миёни кишварҳои минтақа, таҳким бахшидан ба фазои боварӣ ва эътимод, ба нерўи тоза гирифтани муносиботи мутамаддин ва рафъи монеаҳо дар интиқоли молу сармоя, рафтуомади озоди одамон таваҷҷўҳи фарогир ва бештар зоҳир намояд», – афзуд сарвари давлати Тоҷикистон.

Шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Страсбурги Ҷумҳурии Фаронса барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Австрия рафт.

 Дар шаҳри Вена Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Президенти Австрия Ҳайнтс Фишер ва роҳбарони дигар мақомоти идораи давлатӣ мулоқот намуда, дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ менамояд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...