Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Нисбат ба далели марги боздоштшуда дар тавқифгоҳи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Ба гуфтаи як манбаъи огаҳ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, ин ҷо сухан сари марги Исмоил Бачаҷонов меравад, ки қаблан маҳкум гардида, барои боздиди дубораи парвандаи ҷиноиаш дар тавқифгоҳ нигоҳ дошта мешуд. «Исмоил Бачаҷонови 32-сола мутобиқи моддаи 200, қ.3 (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар) маҳкум гардида, замони ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса ҷиҳати дубора боздиди парвандааш дар тавқифгоҳ қарор дошт», – гуфт манбаъ.
Гуфта мешавад, баъди чанде Бачаҷонов ба ҳалокат расидааст ва айни замон сабабҳои марги ӯро мақомоти тафтишот мавриди ҳаллу фасл қарор додаанд.
Прокуратураи генералӣ аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 110-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса яке аз кормандони тавқифгоҳ боздошт шудааст.