Хуҷанд. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Модари духтарчаи 8-сола, сокини шаҳри Хуҷанд Фароғат Масобирова тақозо дорад, ки бинобар маъюб шудани духтарчааш бар асари зарбаи нерӯи барқ гунаҳкорон маблағи ҷубронро пардохт намоянд.
Моҳи апрел духтари ӯ – хонандаи синфи якум Сарвиноз ҳангоми бозӣ дар мактаб ба бинои зеристгоҳи трансформаторӣ даромада, он ҷо мавриди зарбаи барқ қарор мегирад. «Ман дари кушодаро дидам, лекин фикр накардам, ки он панҷараи барқӣ аст ва ба дасти ман ноқили барқ расида, аз нерӯи барқ зарба гирифтам», – мегӯяд ӯ.
Мутахассисон бар ин назаранд, ки кӯдак таҳти зарбаи шиддати 10 ҳазор волт қарор гирифтааст. Модари Сарвиноз мегӯяд, ӯро пас аз ин ҳодиса фавран ба беморхона бурдаанд, ки он ҷо ӯ аз 15-уми апрел то 11-уми май бистарӣ будааст. Муддати чаҳор рӯзи аввал ӯ дар ҳолати хеле вазнин қарор дошта, табибонро лозим омадааст, ки дастони ӯро бибуранд. «Мақомоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд аз рӯйи ин ҳодиса нисбати ду корманди шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ боз карда, айни замон тафтишот ва муқаррар кардани ашхоси гунаҳкор идома дорад», – мегӯяд модари Сарвиноз.
Ба қавли модари кӯдак, «шояд гунаҳкорон ҷазо гиранд, вале ба ман бештар ҷуброни молӣ зарур аст, зеро кӯдак бедаст буда, барои табобати ӯ маблағ зарур аст».
Худи Сарвиноз рӯҳафтода нест ва мегӯяд, ки «агар соҳиби дастҳои нав шавад», боз нияти мактаб рафтан дорад.