Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз пас аз баҳсҳои сесоатаи пуршиддат вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар бо аксари овозҳо лоиҳаи қонуни аз ҷониби президент пешниҳодшуда – «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро маъқул шумориданд.
Зимни шарҳи моҳияти лоиҳаи қонуни мазкур вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов зикр кард, ки зимни баррасии умумихалқии он танҳо ба унвони вазорати маориф 4 ҳазор пешниҳодоту иловаҳо ворид гардидааст ва ин гувоҳи он аст, ки аксари аҳолӣ қонуни мазкурро дастгирӣ мекунад.
Ба қавли вазир, ба қисмати марбут ба масҷид рафтани кӯдакону наврасони қонун тағйирот ворид гардида, ба кӯдакону наврасони машғули таҳсил дар таълимгоҳҳои динӣ иҷозат дода мешавад, ки ба масҷид раванду узви иттиҳодияҳои динӣ бошанд, аммо ба кӯдакону наврасоне, ки дар таълимгоҳҳои дунявӣ таҳсил доранд, то расидан ба синни 18-солагӣ ин амалҳо манъ аст. «Ба ҳамаи кӯдакону наврасон ҳангоми таҷлили ҷашнҳои динӣ иҷозат дода мешавад, ки ба масҷид раванд», – афзуд Абдуҷаббор Раҳмонов.
Зимни ибрози андешаи худ роҷеъ ба ин масъала вакили парлумон, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ гуфт, агар манъи масҷидравӣ ба кӯдакон дар Тоҷикистон чунин шароитҳое фароҳам созад, ки академикону олимон ва арбобони шинохта пайдо шаванд, ӯ ҷонибдори қабули он аст. «Агар давлат имконоти масҷидҳоро дуруст истифода кунад, онҳо метавонистанд ёвари хуби мактабҳо бошанд», – гуфт раиси ҲНИТ.
Ҳамсафи ӯ дар ҲНИТ, вакили парлумон Умаралӣ Хисайнов лоиҳаи қонуни мазкурро идомаи сиёсати давлат дар бахши нақзи ҳуқуқҳои диндорон унвон карда, аз вакилон дархост кард, ки онро дастгирӣ накунанд. «Лоиҳаи қонуни мазкур кӯшиши ӯҳдадориҳои вазорати фасодзадатарин – Вазорати маорифро ба дӯши ҷомеа гузоштан аст», – изҳор дошт номбурда.
Дар посух ба ин гуфта, вазири маориф изҳор дошт, ки зиёда аз 150 ҳазор нафар омӯзгоронро ришвахӯр номидан аз рӯйи одоб нест.
Намояндаи коммунистон Исмоил Талбаков аз вакилон хоҳиш кард, ки ба пуштибонӣ аз лоиҳаи қонун овоз диҳанд ва фаромӯш насозанд, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ аст.
Намояндаи мардумӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода дар суханронии худ зикр кард, ки дар замони ҷаҳони босуръат тағйирёбанда тааҷҷубовар аст, ки чанде аз сиёсатмадорони мо дар парлумон бобати чӣ гуна сарулибос пӯшидани занони тоҷик ё ба ҷавонон иҷозати масҷидравӣ додан баҳсу мунозира мекунанд. «Мо ояндаи худро ба муллоҳо бовар карда наметавонем, зеро аксари онҳо аз маълумоти казоии динӣ ё дунявӣ бархӯрдор нестанд», – гуфт ӯ.
Ғайр аз ин, Давлатзода гуфт, агар мо танҳо сари фикри гирифтани маълумоти динӣ бошем, Тоҷикистон метавонад кишвари доимии истеҳсолкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ бошад. «Маро шахсан шармам меояд, ки қисми зиёди роҳҳои моро хориҷиён бунёд мекунанд, чунки мо мутахассисони варзидаи роҳсоз надорем», – таъкид кард номбурда.
Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулити падару модар дар таълиму тарбияи арзанд» аз 14 декабри соли 2010 мавриди баррасии умумихалқӣ қарор гирифт. Ташаббускори таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст.



