Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Хабарнигори бахши ӯзбекии радиои Би-Би-Си ба узвият дар ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир» гумонбар дониста мешавад.
Кормандони милиса хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонови 60-соларо дар таърихи 14-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт карданд.
Маҳмадулло Асадуллоев, сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ мегӯяд, ӯ ба узвият дар ҳизби фаъолияташ манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир гумонбар дониста шуда, соли 2009 ихтиёрӣ ба сафи ин ҳизб шомил ва ба таблиғоти афкори моҳияти ифротгароидоштаи ин ҳаракат дар шабакаҳои Интернет машғул будааст. «Боздоштшуда ба паҳн кардани варақаву адабиёти дорои хусусияти ифротгароӣ низ даст дошта, аз сокинони вилоят даъват ба амал меовардааст, ки ба сафи «Ҳизб-ут-Таҳрир» бипайванданд», – гуфт Асадуллоев.
Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова, адвокати Усмонов мегӯяд, ӯро на рӯзи 14-ум, балки 13-уми июн боздошта, муддати се рӯз бидуни пешниҳоди адвокат нисбати ӯ чорабиниҳои тафтишотӣ доир сохтаанд. «Танҳо рӯзи 15-уми июн пас аз содир шудани иҷозатномаи ҳабси ӯ аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд, муфаттиш ба ман изҳор кард, ки гӯё Усмонов худаш истифодаи хизматгузории адвокатро рад сохтааст, вале ин тавр буда наметавонад, зеро дар ин ҳолат Усмонов мебоист ба таври хаттӣ ё дар ҳузури адвокат, ҳатто давлатӣ бошад ҳам, рад сохтани адвокатро тасдиқ мекард», – иброз дошт ӯ.
Ба қавли Ф.Воҳидова, айбдоркуниҳо ба фаъолияти рӯзноманигории Усмонов марбутанд, ки «гӯё дар маводу гузоришҳои худ дар Би-Би-Си ӯ афкори «Ҳизб-ут-Таҳрир»-ро таблиғ мекардааст». «Алҳол ман намедонам, ки ӯ айбдории худро эътироф мекунад ё на, вале умедворам, ки бо ӯ вомехӯрам», – изҳор дошт адвокат.
Номбурда афзуд, айни замон Усмонов дар боздоштгоҳи мувакқатии Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад.
Дафтари марказии Би-Би-Си дар Лондон ва сафоратхонаи Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон дар робита ба ин масъала изҳорот интишор карданианд.