Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Давлати Қатар Зубайдулло Зубайдов ба Валиаҳди Давлати Қатар, Муовини Амир Шайх Тамим ибни Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ эътимоднома супорид.
Тавре аз Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, баъди маросими супоридани эътимоднома мулоқоти Сафир З. Зубайдов бо Валиаҳди Давлати Қатар, Муовини Амир Шайх Тамим ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ баргузор гардид.
Зимни сӯҳбат масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар, ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми самтҳо муҳокима гардиданд.
Сафир дар поёни сӯҳбат аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирро барои анҷом додани сафар ба шаҳри Душанбе даъват намуд. Амир даъватро бо қаноатмандӣ пазируфт.
Дар мулоқот инчунин муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар ҷаноби Муҳаммад Румайҳӣ ширкат варзид.