spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Анҷоми амалиёти «Мадраса» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ

Хуҷанд. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд амалиёти «Мадраса» ба итмом расид, ки аз 1-уми май инҷониб дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят оғоз гардида буд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, дар амалиёти мазкур тамоми сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзида, аслан дар нохияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва шаҳри Қайроққум 11 ҳодисаи ба таълимоти ғайриқонунии динӣ  машғул будани шаҳрвандон ошкор шудааст. «Аз рӯйи ин далелҳо мутобиқи моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (риоя накардани қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ») парвандаҳои маъмурӣ оғоз ва ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол шуданд», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, амалиёти мазкур бо мақсади ошкор сохтани марказҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ, санҷиши ҷараёни иҷрои қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои динӣ, пешгирии ҷалби ноболиғон ва ҷавонон ба равияҳои ифротгароӣ, ошкор ва мусодираи дискҳои сабти аудиоӣ ва адабиёти дорои хусусияти ифротгароӣ доир гардида, дар рафти он фаъолияти 8 мадраса, 93 масҷидҳои намози ҷумъа ва 95 масҷидҳои намози панҷвақта мутобиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» санҷида шуданд.

Як намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилоят ба гунаи мисол далел овард, ки дар рафти амалиёт ошкор гардидааст, ки сокини 41-солаи ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Камол Почоев ба таълимоти ғайриқонунии динии 11 нафар нобилиғон машғул буда, ҳамчунин аз ӯ адабиёти динӣ мусодира шудааст. Парвандаи маъмурӣ нисбати Почоев ба баррасии додгоҳ фиристода шудааст.

Далели дигар дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ошкор шудааст. Дар ин ҷо сокини 40-солаи ҷамоат Муҳайё Ҷӯраева бидуни иҷозатномаи дахлдор ба таълимоти динии се нафар занони калонсоли ҳамин ҷамоат машғул будааст. Машғулиятҳои худро бо занон ӯ моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз намуда, дар як ҳафта як машғулият баргузор мекардааст. Нисбат ба Ҷураева низ парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, ба додгоҳ ирсол шудааст. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...