Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» – | Имрӯз дар меҳмонхонаи «Меркурий»-и шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Иштирок дар раванди қабули қарор оид ба масоили рушд: Имконот ва мушкилот дар барномаҳои тағйири иқлим дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мешаванд» ба кор шурӯъ кард.
Созмондиҳандагони семинари мазкур Анҷумани созмонҳои ғайридавлатӣ оид ба оид ба Бонки Осиёии Рушд (БОР), Ташкилоти ҷамъиятии «Фаромарз» ва Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон буда, дар кори он намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-и Тоҷикистон ширкат доранд.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ҳадаф аз баргузории семинар мусоидат ба огаҳии бештари ҷомеа ва дарки амиқи бӯҳрони иқлим ва мушкилоти гуфтушунидҳои ҷорӣ дар равандҳои дахлдори глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ аст.
Ҳамоҳангсози Анҷумани созмонҳои ғайридавлатӣ оид ба Бонки Осиёии Рушд дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Майя Эралиева зимни суханронӣ зикр кард, ки БОР дар Тоҷикистон соли 1998, яъне пас аз ҷанги шаҳрвандӣ бо роҳандозии барномаи барқарорсозии баъдибӯҳронӣ ба фаъолият шурӯъ кард. «Аз он замон то кунун БОР фаъолона ба роҳандозии барномаҳои сиёсӣ ва рушди ниҳодӣ тавассути маблағгузорӣ ба зербино, бахши кишоварзӣ ва рушди деҳот, бахши иҷтимоӣ ва ҳамкории минтақавӣ саҳми арзанда гузошт. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ то моҳи декабри соли гузашта аз рӯйи 23 лоиҳаҳои қарзӣ 372,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.
М. Эралиева изҳор дошт, ки мутаассифона, дар аксари барномаҳои аз ҷониби БОР маблағгузоришуда иштироки ҷомеа назаррас нест. «Аксари шаҳрвандони ҷабрдида аз лоиҳаҳо ва тарзи амалисозии он огаҳ нестанд ва ҳарчанд бонк иштироки васеи ҷомеаро дар ин лоиҳаҳо дастгирӣ ва таблиғ намояд ҳам, дар лоиҳаҳои Тоҷикистон (чун дар дигар кишварҳо) ҳузури ҷомеа ба назар намерасад», – иброз дошт ӯ.
Ба қавли Эралиева, чун БОР ба рушди зерсохтор бо шумули энергетикаву сохтмони роҳҳо низ ҷалб карда шудааст, он ба яке аз иштирокчиёни асосӣ дар ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим дар кишвар табдил меёбад. Дар қатори дигар ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, БОР дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Тоҷикистон рӯйи барномаи санҷишӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути барномаҳои гуногун, аз ҷумла, тақвияти имконот оид ба масоили устуворӣ ба мушкилоти тағйирёбии иқлим бобати идоракунии захираҳои табиӣ низ фаъолият дорад. Ҳадафи аслӣ дар ҷорисозии тағийрёбии иқлим ба модели рушди кишвар ифода меёбад», – мегӯяд мавсуф.
Номбурда афзуд, аз соли 2005 то инҷониб БОР оид ба тағйирёбии иклим фаъолияти густардаро ба роҳ мондааст, зеро бонк аз дарки махсуси вазъи Осиё бархӯрдор аст.