Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз сафири ИМА Кен Гросс, муовини Вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов ва роҳбари созмони хайриявии «Авасто» Фирӯза Абдуллоева ба муштариёни Беморхонаи ҷумҳуриявии табобати бемории сил дар доираи барномае, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ карда мешавад, 980 кг хӯрокаи хушки наску сабзавот тақдим намуданд. Агентии мазкур дар ҳамкорӣ бо созмони ғайриҳукуматии «Авасто» ва созмони амрикоии “Resource and Policy Exchange, Inc.» (RPX) то имрӯз зиёда аз 37 тонна хӯроквории сервитамин барои зиёда аз 22000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дастрас кардааст.
Тавре аз саофратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни маросими имрӯза Сафир Гросс қайд намуд: «Касалии сил яке аз масъалаҳои муҳими тандурустӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ғизои нокифоя бошад, яке аз омилҳои маъмули хавфи беморшавӣ бо касалии сил аст. Мусаллам аст, ки беҳтар кардани ғизо барои беҳтар намудани саломатии ин қабил беморон ва наҷот додани онҳо аз марги бемаҳал таъсири мусбии калон хоҳад расонд. Истеъмоли микдори зарурии микронутриентҳо дар намуди витаминҳо ва минералҳо масунияти сустшудаи беморони силро беҳтар мекунад.
Барномаи «Озуқаворӣ баҳри сулҳ», ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ карда мешавад, дар Тоҷикистон то моҳи ноябри соли 2011 барои таъмин намудани амнияти озуқавории кӯдакони маъюб, беморони касалии сил ва дигар муштариёни муассисаҳои табобатӣ дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.
Тавассути ин ёрии башардӯстона, ки 93049 доллари ИМА арзиш дорад, ба беморони 77 муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои махсусгардонидашудаи Тоҷикистон кӯмак расонида мешавад. Маводи ғизоии мазкур аз сабзавоти хушккардашуда, ки бо витаминҳо ва минералҳо бой гардонида шудаанд, иборат буда, дар муассисаҳои зикршуда барои муштариён тайёр кардани хӯроки гарм истифода мегардад. Дастрас намудану тақсимоти ин маводи хӯрока ва назорати истифодаи самараноки он ба зиммаи созмони хайриявии «Авасто» вогузор карда шудааст.
Ширкати Breedlove Foods, Inc. ин маҷмӯи хӯрокаро аз сабзӣ ва картошкаи хушконидашуда, соя, биринҷ ва наски бо витамину минералҳо бойгардонидашуда истеҳсол мекунад.
Созмони ғайриҳукуматии хайриявии «Авасто», ки онро як тоҷикзани фаъол сарварӣ мекунад, барои беҳтар кардани вазъи саломатии занон ва насли ҷавон, ҳифзи саломатии кӯдаку модар, ва дастгирии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, ба хусус оилаҳои серфарзанд, занони камхун ва кӯдакони маъюб, ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳо фаъолият мекунад.
Мақсаду мароми асосии ширкати RPX ин беҳтар кардани меъёрҳо дар соҳаи тандурустӣ ва дастрасии иттилоот бо роҳи дастгирии созмонҳои байналмилалии ғайритиҷоратӣ, аз қабили кӯмак бо озуқаворӣ ва маводи доруворӣ мебошад.
Лоиҳаи мазкур яке аз лоиҳаҳои сершумори ёрирасони Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) мебошад. Аз соли 1992 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон тахминан 984 миллион долларро барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон пешниҳод намудааст.