spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Хуҷанд: Афзоиши шумори ниёзмандон ба хизматгузориии ройгони адвокатҳо

Хуҷанд. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Хуҷанд шумори шаҳрвандоне, ки барои ҳифзи худ дар мурофиаҳои додгоҳӣ ҳаққи хизматгузории ҳимоягарон (адвокатҳо)-ро пардохт карда наметавонанд, рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати молияи ҳукумати шаҳри Хуҷанд Абдусалом Бобоҷонов хабар дод, маҳз ҳамин раёсат барои пардохти музди хизматгузории ҳимоягарон машғул буда, соли 2010 ба раёсат 114 қарор дар бораи ҷуброни хароҷоти хизматгузории ҳимоягарон ва ҳамчунин ҳалномаи додгоҳҳо ва мақомоти додситонӣ барои озод кардани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон аз пардохти хизматгузории ҳимоягар ва пардохти музди онҳо аз ҳисоби давлат ворид шудааст. Ба таври дигар, ҳар моҳ ҳудуди 9-10 асноди ба ин монанд ва дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ 55 адад чунин қарору ҳалномаҳо ба раёсати мазкур ворид мешаванд.

«Ҳаҷми маблағҳои ҷудомешуда чун пештара боқӣ мондааст. Соли гузашта аз ҳисоби буҷаи шаҳри Хуҷанд барои пардохти музди хизматгузориҳои ҳимоягарон 8 ҳазор сомонӣ ва имсол ҳам ҳамин қадар маблағ ҷудо карда шуд ва бояд гуфт, ки 4 ҳазор сомонӣ аллакай ба идораҳои ҳимоягарон ва бунгоҳҳои машваратҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд», – мегӯяд А.Бобоҷонов.

Аз Ҳайати мушовараи ҳимоягарони вилояти Суғд, ки ба он 19 бунгоҳҳои машварати ҳуқуқӣ ва 143 нафар ҳимоягарон шомиланд, ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки Конститутсияи ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура», Муоҳадаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва ҳамчунин Муқаррароти асосӣ дар бораи нақши ҳимоягарон бозгӯи онанд, ки шахс аз замони боздошт ба истифодаи хизматгузории ҳимоягар ҳуқуқ дорад.

Таъмини маблағгузории зарурӣ барои кӯмаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони ниёзманд ва ҳамчунин пардохти онро давлат кафолат медиҳад. Дар ин ҳолат хароҷоти пардохти музди хизматгузории ҳимоягарон бо тартиби муқарраршуда аз ҳисоби буҷаҳои маҳаллӣ сурат мегирад. Ҳукумат муваззаф аст, ки маблағгузории зарурӣ ва захираҳои дигарро баҳри кӯмаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони камбизоат ва дигар афроди ниёзманд таъмин созад.

«Айни замон маблағҳои пулии буҷавӣ ба ҳимоягарон бинобар дар буҷа мавҷуд набудани сатри хароҷот барои ҳимоягарон бо каме таъхир интиқол дода мешаванд. Феълан ҳаҷми мавҷудаи маблағгузорӣ нокофӣ аст. Аз ин рӯ, чунин омилҳо ба пешниҳоди хизматгузории хушсифат ва касбии ҳуқуқӣ таъсир мегузоранд. Дар барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабули Қонун «Дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ» пешбинӣ шудааст. Шояд дар он масоили расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ пешбинӣ ва дақиқан дарҷ ёбанд», – афзуд манбаъ.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...