spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эълони натиҷаҳои пешакии маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ

Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Натиҷаҳои пешакии маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки тирамоҳи соли 2010-ум дар Тоҷикистон доир гардида буд, ҷамъбаст шуд.

Дар ҷараёни кори мизи мудаввар бахшида ба ин масъала сардори раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омори назди президенти Тоҷикистон Зебо Исмоилова гуфт, то ахири сол аз маълумоти дақиқ дар бораи шумораи аҳолӣ, таркиби синнусолӣ ва ҷинсияти он, таркиби миллӣ, сатҳи маълумотнокӣ, таносуби аҳолии шаҳру деҳот ва ғайра натиҷагирӣ хоҳад шуд.

З. Исмоилова мегӯяд, мутобиқи маълумоти пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон нисбат ба маълумоти маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2000-ум ба миқдори 23% афзудааст. «Агар шумораи аҳолии доимии Тоҷикистон дар соли 2000-ум 6 млн. 127 ҳазор нафарро ташкил медод, пас айни замон шумораи аҳолии доимии Тоҷикистон то 7 млн. 565 ҳазор нафар афзудааст ва ин гувоҳи он аст, ки равандҳои рушд дар Тоҷикистон ба таври мутавозин сурат мегиранд», – гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, сарфи назар аз афзоиши раванди муҳоҷирати аҳолии шаҳр ба хориҷи кишвар, дар давраи солҳои 2000-2010 шумори аҳолии шаҳрҳо дар Тоҷикистон ба миқдори 379 ҳазор нафар ё худ 23,3% зиёд шудааст. «Дар ин давра шумораи аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ ба миқдори 1 млн. 59 ҳазор нафар афзуд», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад таносуби шумораи занону мардон дар ин давра тағийр ёфта, нисбат ба занон мардон бештар шудаанд. Мутобиқи маълумоти агентӣ, айни замон дар Тоҷикистон шумори мардон 3 млн. 813 ҳазор ва занон 3 млн. 752 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ба 1 ҳазор нафар мардон дар ҷумҳурӣ 984 занон рост меоянд.

Зимнан зикр гардид, ки натоиҷи ниҳоии маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум марҳила ба марҳила то соли 2013 ҷамъбаст карда хоҳанд шуд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...