Рӯзҳои 19-20-уми июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXIV-уми Шӯро оид ба ҳамкорӣ дар бахши маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Конфронси XVIII-уми вазирони маорифи кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд.
Аз рӯйи натоиҷи ин гуфтушуниду дидорҳо як қатор асноди ҳамкорӣ ба имзо расида, лоиҳаҳои созишномаҳо ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои иттиҳод дар бахши маориф баррасӣ шуданд.