Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Кен Гросс, муовини аввали Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ҷобирова С.Б ва Раиси ҳукумати шаҳри Ваҳдат Қодиров А. Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) «Тандурустии босифат»-ро оғоз намуда дар Маркази саломатии №1 шаҳри Ваҳдат Маркази намунавӣ кушоданд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар рафти маросим сСафир қайд намуд, ки лоиҳаи «Тандурустии босифат» ва Маркази намунавии шаҳри Ваҳдат, ки аз тарафи USAID дастгирӣ мешаванд, намунаи қолаби мукаммали кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) мебошад, ки барои аҳолӣ дастрас ва арзон аст. Дар Марказ ҳам омӯзиш ва ҳам хизматрасонии тиббии босифат пешниҳод мешавад.
Маркази намунавӣ монанди дигар марказҳои шаҳрҳои Конибодом, Истаравшан, Панҷакент ва Душанбе, ки аз ҷониби USAID дастгирӣ мешаванд, ба беҳтар намудани вазъи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути хизматрасонии тиббии босифат ва омода намудани кормандони тиб мусоидат мекунад, ки дар муассисаҳои худ хизмати тиббӣ мерасонанд. Комёбии фаъолияти марказҳои мазкур боиси ҷорӣ намудани ин намунаи тандурустӣ дар лоиҳаҳои Корпоратсияи Швейтсария оид ба рушд ва Шабакаи тандурустии Хазинаи Оғоҳон дар Тоҷикистон гардид.
Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» барномаи панҷсолаи беҳтаркунии вазъи тансиҳатӣ дар Осиёи Миёна ба воситаи омезиши усулҳои муосири баланд бардоштани сифат ва меъёрҳои байналмилалии таври илмӣ асоснокшуда мебошад. Бо мақсади беҳтар намудани идоракунӣ, маблағгузорӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба беморони сил, ВНМО/БНМО, модару кӯдак, беморони рагу дил Лоиҳа ислоҳоти соҳаи тандурустии кишварҳои Осиёи Миёнаро низ ҷорӣ мекунад.
Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» ба татбиқи қисмҳои зиёди таркибии Стратегияи миллии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба наздикӣ ба тасвиб расидааст ва нақшаи амалиёт ҷиҳати татбиқи он мусоидат мекунад. Бо мақсади гузоштани замина барои тақвияти вазифаҳои тандурустӣ ва баланд бардоштани сифати он Лоиҳа бо шарикони маҳаллӣ ва байналмиллалӣ, аз ҷумла бо Хазинаи глобалии мубориза алайҳи СПИД, бемории сил ва табларза ҳамкорӣ мекунад.
Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасони USAID мебошад. Аз соли 1992 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон тахминан 984 миллион долларро барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон пешниҳод намудааст.