Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Дар истеҳсоли героин Афғонистон ҳамоно пешсаф аст - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар истеҳсоли героин Афғонистон ҳамоно пешсаф аст

17
17

Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Гузориши умумиҷаҳонӣ оид ба маводи мухаддир, ки дар қароргоҳи СММ сардори Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия Виктор Иванов пешниҳод кард, гуфта мешавад, Афғонистон аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли маводи мухаддири сахттаъсири героин ҳамоно пешсаф аст. Дар ин бора «Корреспондент.net» хабар медиҳад.

Бино ба маълумои гузориш, соли 2009 дар Афғонистон 6,9 ҳазор тонна афюн истеҳсол карда шудааст. Қариб 95%-и афюн дар музофотҳои ҷанубии Афғонистон истеҳсол гардидаааст. Аз макони тавлид интиқоли героин ба се самт – музофотҳои наздимарзӣ бо Эрон, манотиқи шарқӣ ва шимолии Афғонистон ва марзхои Покистон сурат мегирад.

Дар гузориш зикр мегардад, ки соли 2009 ба бозори байнулмилалӣ 365 тонна героини истеҳсоли Афғонистон ворид шудааст, ки аксараш ба кишварҳои ҳамсоя интиқол дода шудааст. Ҳудуди 160 тонна ба Покистон, 115 тонна ба Эрон ва 90 тонна ба Осиёи Миёна бо шумули Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон фиристода шудааст.

Гуфта мешавад, соли 2009 дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Миёна 70 тонна героини тоза истеъмол гардида, боз 7,5 тонна героин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусодира шудааст. Хатсайри асосии заминии қочоқи нашъа ба Аврупо тавассути Балкан амалӣ гардида, вале аз Афғонистон тариқи Эрону Туркия оғоз мегирад.

Тавре дар гузориш ишора меравад, соли 2009 дар Аврупои Шарқӣ 73 тонна маводи мухаддири сахттаъсири героин истеъмол карда шуда, боз 3,1 тоннаи онро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусодира кардаанд. Миқдори зиёди героин ба Русия аз Осиёи Марказӣ ва начандон зиёд аз Озарбойҷон ворид мегардад. Ба Аврупои Шарқӣ героин асосан тавассути Русия, Туркия ва ҷумҳуриҳои Қафқоз интиқол дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан комиссияи коршиносони Созмони Милали Муттаҳид ба хулосае расид, ки мубориза алайҳи пахншавии маводи мухаддир дар ҷаҳон ба нокомӣ дучор шуд.

Тавре Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад, дар Гузориши умумиҷаҳонӣ оид ба маводи мухаддир, ки дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк аз ҷониби Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, роҳбари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов ва Раиси Маҷмаъи кулли 65-ум Йозеф Дайсс пешниҳод гардид, зикр мегардад, ки бозорҳои ҷаҳонии маводи мухаддири кокаин, героин ва каннабис коҳиш ёфтаанд, вале дар ҳамин ҳол, афзоиши миқёси истеҳсол ва истеъмоли маводи мухаддири навъҳои синтетикӣ афзудааст. Соли гузашта ҳадди ақал як маротиба ҳудуди 210 млн. нафар ё 4,8%-и аҳолии синнусоли аз 15 то 64-солаи сайёра маводи манъшударо истеъмол кардаанд.

Қобили зикр аст, ки гузориш ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир, ки ҳамасола рӯзи 26-уми июн таҷлил мегардад, пешниҳод карда шудааст.

Дар гузориш ба коҳиши ҳаҷми истеҳсоли афюн дар Афғонистон ва афзоиши тавлиди начандон назарраси он дар давлати Мянма ишора меравад. Дар муқоиса бо соли 2009-ум, соли 2010 дар ҷаҳон майдони кишти афюн каме коҳиш ёфта, ҳудуди 196 ҳазор гектарро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли афюн ба андозаи 38% – то 4860 тонна коҳиш ёфтааст. Ии ба он марбут аст, ки бемории рустаниҳои афюн миқдори зиёди ҳосили он дар Афғонистонро нобуд сохта буд. Бо вуҷуди ин, то ҳанӯз Афғонистон истеҳсолкунандаи асосии афюн дар ҷаҳон боқӣ мемонад. Зимни пешниҳоди гузориш Юрий Федотов аз эҳтимоли афзоиши истеҳсоли афюн дар соли равон дар Афғонистон  изҳори нигаронӣ кард.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...