Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар қалби Аврупои муттаҳид – ш. Брюссел, дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия маросими ҷашнгирии Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумурӣ иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур намояндагони Ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Белгия, Нидерланд, Люксембург, Маркази фарҳангии тоҷикон дар ш. Брюссел, Ҷамъияти дӯстии Люксембург-Тоҷикистон, Бизнес клубҳои Белгия-Тоҷикистон ва Нидерланд-Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, доираҳои ҷамъиятию сиёсӣ, илмию омӯзишӣ, фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Дар сухани ифтитоҳии худ Сафири Тоҷикистон Рустамҷон Солиев ба ҳозирин дар бораи таърихи ба даст овардани сулҳ дар ҷумҳурӣ, дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатӣ дар давраи истиқлолият иттилоъ дод. Ҳамчунин, Сафир перомуни ислоҳоти демократӣ дар кишвар, сиёсати амаливу андешакоронаи дохиливу хориҷӣ, барномаҳои созандагии кишвар, бахусус татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва сохтмони НБО-и Роғун нақл кард. Ҳамзамон, Р. Солиев оид ба натиҷаҳои сафарҳои расмии Сарвари давлати тоҷикон ба Шӯрои Аврупо, Парлумони Аврупо, Австрия, Люксембург, Бонки сармоягузории Аврупо, Маҷористон маълумоти муфассал дод. Ӯ қайд намуд, ки сафарҳои барпогардида саҳифаи сифатан навро дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистон бо Аврупои муттаҳид боз карда, барои рушди равобити мутақобилан судманд ва гуногунҷабҳа дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, гуманитарӣ ва илмиву маърифатӣ заминаи мустаҳками сиёсию ҳуқуқӣ гузоштанд.
Намояндагони Иттиҳоди Аврупо, САҲА, Белгия, Нидерланд ва Люксембург дар суханрониҳои худ аҳамияти байналмилалии таърихии ба даст овардани сулҳ дар Тоҷикистон, зарурати омӯзиши ҳаматарафаи таҷрибаи тоҷикон дар бартарафсозии зуҳуроти низоӣ дар ҷомеа ва истифодаи васеи онро ҳамчун намуна барои ҳалли низоъҳои дохилидавлатӣ дар қитъаҳои гуногуни ҷаҳон қайд намуданд. Онҳо аз ҷумла натиҷаҳои сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Аврупо баланд арзёбӣ карда, тазаккур доданд, ки ҷумҳурӣ ҳақиқатан шарики боэътимоди Иттиҳоди Аврупо дар минтақа буда, ҳамчун кишвари калидӣ муқобили таҳдиду хатарҳои муосир баромад мекунад. Зарурати тавсеаву инкишофи ҳамаҷонибаи робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон қайд карда шуд.
Дар анҷоми қисми расмии чорабинӣ ба ҳозирин таомҳои миллӣ пешкаш карда шуданд. Намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар қалби Аврупо бо суруду рақсҳои миллӣ баромад намуданд.