Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Душанбе ҷаласаи навбатӣ тибқи лоиҳаи котиботи генералии пулиси байнулмилалии ҷиноӣ – «Интерпол Калкан» таҳти унвони «Терроризм дар минтақа» ба кор шурӯъ кард.
Чорабинии мазкур бо иштироки 30 нафар коршиносон аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Омӯзишгоҳи олӣ оид ба идоракунии марзҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо доир мегардад.
Ректори Омӯзишгоҳи олӣ оид ба идоракунии марзҳои САҲА Алан Сколан рушди ҳамаҷонибаи мусоидат ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишвархои ҳамсоя дар баргузории тафтишоти марбут ба терроризм ва ифротгароии диниро муҳим арзёбӣ намуд.
Менеҷери лоиҳаи «Калкан», корманди шӯъбаи мубориза бо терроризми Интерпол Окан Айсу мегӯяд, Интерпол бо Омӯзишгоҳи олӣ оид ба идоракунии марзҳои САҲА ҳамкорӣ мекунад, зеро таҳдидҳои фаромиллӣ сарҳад надоранд. «Дар замони мо марзҳо осебпазиранд ва ҳамчунин аз ҷой доштани баъзе норасоихо дар ҳамкории байнулмилалии мақомоти пулиси кишварҳо созмонҳои террористие аз қабили «Ал-Қойида» ва филиалҳои он – «Ҷиҳоди исломӣ», Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Аморати Қафқоз «Лашкари-и-Тайиба» ва ғайра бахубӣ истифода мекунанд ва ин бори дигар собит месозад, ки кишварҳо дар ин самт ҳамкориҳоро бояд густариш бахшанд, то ки ба чунин таҳдидҳо истодагарӣ карда тавонанд», – изҳор дошт ӯ.
Ба қавли Окан Айсу, лоиҳаи «Калкан» қисмате аз ташаббуси глобалии зиддитеррористии Интерпол буда, соли 2004 дарҳол пас аз ҳамлаи террористӣ дар Тошканд таъсис ёфтааст. «Нахуст дар лоиҳаи «Калкан» 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок доштанд ва имрӯз дар он беш аз 100 кишвари ҷаҳон иштирок дошта, агар соли 2004 дар рӯйхати захираи маълумоти мо ҳамагӣ 25 террористи гумонбаршуда ва 4 созмони террористӣ мавҷуд буданд, пас аз гузашти 7 соли фаъолият дар рӯйхати мо аллакай 13 ҳазор нафар террористон ва 60 созмони террористӣ сабт шудаанд», – иброз дошт мавсуф.
Корманди Инерпол ҳамчунин афзуд, аз замони фаъолияти лоиҳа дар давлатҳои гуногун ҳудуди 700 нафар террористон, аз ҷумла 300 нафар дар Аврупо ба ҳабс гирифта шудаанд. «Ин гувоҳи он аст, ки терроризм аз доираи як минтақа берун рафтааст», – илова кард Окан Айсу.