spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нигаронии ИМА аз маҳдуд сохтани озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон

Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз он изҳори ноумедӣ ва нигаронӣ дорад, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро маъқул шуморид. Дар ин хусус дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА дар Вена иҷрокунандаи вазифаи мушовир оид ба масоили сиёсии намояндагии доимии ИМА дар назди САҲА Патрик Коннел изҳори назар кард.

«Сарфи назар аз изҳори норозигӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, шаҳрвандон ва ҷомеаи байнулмилалӣ, парлумон қонунеро маъқул шуморид, ки ба ҳукумат барои дахолат кардан ба зиндагии оилавӣ ва манъи узвияти ҷавонон ба ҷамъиятҳои динӣ ба истиснои на он қадр зиёд ҳуқуқ медиҳад», – зикр кардааст Коннел.

Ба қавли Коннел, «дар сурати мавриди амал қарор гирифтани қонун, миллионҳо нафар шаҳрвандони синнусоли то 18-сола аз ҳуқуқи машғул будан ба расму оинҳои динӣ маҳрум мешаванд. Ҳукумат амалан манъи ба масҷид рафтани занҳоро дастгирӣ менамояд».

«Мутобиқи қонун дар бораи озодиҳои динии соли 1998, нақзи мунтазам ва давомдори маҳдуд сохтани озодиҳои динӣ ҳаддест барои шомил кардани Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое, ки нигаронии махсус ба бор меоваранд», – мегӯяд намояндаи ИМА.

Номбурда зикр намудааст, ки зимни баррасии лоиҳаи қонун ҳукумати Тоҷикистон борҳо огоҳ карда шуда буд, ки чанде аз муқаррароти қонун дар бораи масъулияти падару модар риоя накардани ӯҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон дар соҳаи дифоъ аз ҳуқуқи инсон аст. «Ҳарчанд мо бо таъмини дастрасии кӯдак ба маълумот аз ҷониби давлат розӣ бошем ҳам, лекин давлат ба исрори дар вақти беруназмактабӣ иштирок надоштани кӯдакон дар ҷамъиятҳои динӣ набояд роҳ диҳад», – изҳор доштааст ӯ.

Ба қавли ӯ, ИМА ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки лоиҳаи қонун қариб бидуни ҳеҷ тағйироте аз ҷониби парлумон маъқул шуморида шуд. «Мо аз палатаи поёнии парлумон ва президенти Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки имкони ба палатаи поёнии парлумон баргардонидани қонун дар бораи масъулияти падару модарро баррасӣ намоянд, то ки муқаррароти манъи узвият ба ҷамъиятҳои динӣ бекор карда шавад», – гуфтааст мушовир оид ба масоили сиёсии намояндагии доимии ИМА дар назди САҲА Патрик Коннел.

 Ёдрас мекунем, ки 15-уми июни соли ҷорӣ вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо аксари овозҳо лоиҳаи қонуни аз ҷониби президент пешниҳодшуда – «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро маъқул шумориданд.

Зимни шарҳи моҳияти лоиҳаи қонуни мазкур вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов зикр кард, ки зимни баррасии умумихалқии он танҳо ба унвони вазорати маориф 4 ҳазор пешниҳодоту иловаҳо ворид гардидааст ва ин гувоҳи он аст, ки аксари аҳолӣ қонуни мазкурро дастгирӣ мекунад.

Зимни ибрози андешаи худ роҷеъ ба ин масъала вакили парлумон, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ гуфт, агар манъи масҷидравӣ ба кӯдакон дар Тоҷикистон чунин шароитҳое фароҳам созад, ки академикону олимон ва арбобони шинохта пайдо шаванд, ӯ ҷонибдори қабули он аст. «Агар давлат имконоти масҷидҳоро дуруст истифода кунад, онҳо метавонистанд ёвари хуби мактабҳо бошанд», – гуфт раиси ҲНИТ.  

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...