Кӯлоб. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ як маҷмааи нави дорои толори мебел, коргоҳҳои истеҳсол ва таъмири мебел ва ҳамчунин чор маркази савдову нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ ба истифода дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Пирмад Зарифов хабар дод, дар шаҳр ба муносибати ҷашн дар маҷмӯъ 40 иншооти нави таъиноти гуногун мавриди истифода қарор мегиранд. «Корҳои сохтмони низоми таъмини об дар деҳаҳои наздишаҳрии Ҷомӣ, Вализода ва Сино-4, ки сокинонаш тайи 10 соли ахир оби нӯшокиро аз дигар ҷой мекашониданд, дар арафаи анҷомёбист», – гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, сохтмони корпуси 2-юми Коллеҷи омӯзгорӣ бо арзиши 3 млн. сомонӣ, мактаби таҳсилоти умумӣ барои 624 ҷой бо арзиши 1 млн. сомонӣ ва корпуси 2-юми мактаби таҳсилоти умумии №30 бо арзиши 700 ҳазор сомонӣ низ ба наздикӣ ба итмом мерасад. «Барои сохтмони иншоот маблағҳои бюҷети ҷумҳуриявӣ ва сармояи хусусӣ истифода мешаванд», – афзуд номбурда.