spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Коршинос: Президент ба қонуни масъулияти падару модар имзо мегузорад

Душанбе. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар мавриди мавриди амал қарор гирифтани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» директори Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон Сергей Романов изҳор кард, ки қонуни мазкур мақоми баландеро дорост ва сарфи назар аз изҳори  нигаронии кишварҳои Ғарб, он аз ҷониби президент ба имзо хоҳад расид.

«Қонун мавриди баррасии умумихалқӣ қарор гирифта, пешниҳодоти зиёде сурат гирифтанд ва шояд чанде аз муқаррароти қонун намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш ҳам оварда бошанд. Мо низ пешниҳодоти худро ироа дошта будем, вале ман фикр мекунам, ки қонун ба тасвиб расида мавриди амал қарор хоҳад гирифт. Гузашта аз ин, он бо ташаббуси шахсии сарвари давлат рӯйи кор омада, дар сатҳи давлатӣ пурра дастгирӣ ёфт», – мегӯяд ӯ.

Ба ақидаи С.Романов, айни замон на ба худи қонун, балки ба тарзи амалисозии он аз ҷониби мақомот мебояд таваҷҷӯҳ зоҳир сохт. «Ин ҷо аз ҳад нагузаронидан хеле муҳим аст», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА дар Вена иҷрокунандаи вазифаи мушовир оид ба масоили сиёсии намояндагии доимии ИМА дар назди САҲА Патрик Коннел изҳор кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз он изҳори ноумедӣ ва нигаронӣ дорад, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро маъқул шуморид.

«Мо аз палатаи поёнии парлумон ва президенти Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки имкони ба палатаи поёнии парлумон баргардонидани қонун дар бораи масъулияти падару модарро баррасӣ намоянд, то ки муқаррароти манъи узвият ба ҷамъиятҳои динӣ бекор карда шавад», – гуфт ӯ.


Акс аз www.centralasiaonline.com

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...