spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Тавилдара ҳамагӣ як кӯдакистон фаъолият мекунад

Тавилдара. 1-уми июл. «Азия-Плюс» – | Дар ноҳияи Тавилдара, ки беш аз 20 ҳазор аҳолӣ дорад, як кӯдакистон аз соли 2007 инҷониб фаъолият мекунад ва дар он ҳамагӣ 20 нафар атфол ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

То соли 2009 Комиссияи кор бо ноболиғон дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара фаъолият дошт, ки баъдан ба Комиссияи ҳуқуқи кӯдак табдил дода шуд. Роҳбари ин сохтор Гулчеҳра Раҳимова, ки ҳамзамон муовини раиси ноҳияи Тавилдара аст, оид ба самтҳои асосии фаъолияти Комиссия чунин ибрози назар кард:

– Давлат ӯҳдадор аст, кӯдакро аз ҳар гуна шаклҳои ҳуқуқпоймолкунӣ муҳофизат намояд. Комиссияи мо масоили таъмини иҷтимоӣ ва таҳсилоту фароғат, пешгирии меҳнати вазнини кӯдакон, муҳофизати атфоли маъюб ва ятимону бепарасторон, инчунин ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар оиларо мавриди омӯзишу баррасии ҳамаҷониба қарор дода, барои инкишофёбии қобилияти кӯдакон ва дар амал татбиқ шудани ҳуқуқҳои онҳо мусоидат мекунад.

Ба қавли раиси Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки ноҳияи Тавилдара, ин сохтор ҷиҳати роҳ надодан ба истеъмоли маводи мухаддир ва азобу шиканҷаи кӯдакон, ҳамчунин ҷорӣ кардани адолат нисбат ба ноболиғоне, ки ҳуқуқҳоро вайрон мекунанд, чораҳои зарурии назоратӣ ба роҳ мондааст.

Номбурда афзуд, ки кормандони Комиссия ҳамчунин маърӯзаҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак омода карда, дар байни кӯдакону наврасон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд ва онҳоро аз ҳуқуқҳояшон бохабар месозанд.

– Хуб мебуд, агар дар оянда Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара ҷиҳати дастгирӣ ва беҳтар гардонидани шароити моддиву маънавии кӯдакон тадбирҳои мушаххас андешида, дар маркази ноҳия ва маркази ҷамоатҳои деҳот баҳри фароғату истироҳати тифлакон боғчаҳои бачагона, майдончаҳои варзишӣ ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд кунад. Зеро ин яке аз бандҳои Конвенсияи байналмилалии СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва барномаи қабулнамудаи ҳокимияти давлатӣ дар ин самт мебошад, – изҳор дошт Г.Раҳимова.

Тавилдара яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон буда, аз маркази кишвар дар масофаи 210 км ҷойгир аст. Кӯдакони ин ноҳияи дурдаст ба дастгириву кӯмак ва шароити беҳтар ниёзманданд. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...