Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷиҳати шиносоӣ ба корҳои омодагӣ бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хбар доданд, Оқил Оқилов зимни сафари кории хеш аз ҷараёни сохтмони як қатор иншоотҳо, аз ҷумла НОБ-и Ҷамоати деҳоти Анзоб «Марзич», зеристгоҳи 220 кВт Хуҷанд – Айнӣ дар дашти Искандари ҷамоати Айнӣ, нақби Шаҳристон, маҷмааи варзишии «Дурдона»-и шаҳри Истаравшан, зеристгоҳи барқии Суғд – 500-и ноҳияи Ғончӣ, маҷмааи истироҳатии «Уқобча»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, «Кохи матбуот», ҳавзи шиноварӣ ва майдони Исмоили Сомонӣ, силсилаи фаввораҳои шаҳри Хуҷанд дидан намуда, баҳри дар сатҳи баланд ба истифода додани ин иншооти ҷашнӣ, ки ба баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд, дастуру супоришҳо дод.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ва Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо иштирок доштанд.
Сарвазири мамлакат доир ба омодагӣ ба истиқболи ҷашн аз раисони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Қайроққум, Табошар, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Шаҳристон, Конибодом ва дигар раисони шаҳру навоҳии вилоят, ашхоси масъул пурсон шуда, бобати ислоҳи камбудиҳо ва боз ҳам беҳтар намудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Ҳамчунин масоили омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, соли хониши нав, иҷрои нақшаҳои андозу пардохтҳои ҳифзи иҷтимоӣ, вазъи таъминот бо барқ, оби полезӣ, вусъати корҳои кишоварзӣ, бахусус кишти такрорӣ маврида баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр бояд намуд, ки дар вилоят бахшида ба ин ҷашни бузург 240 иншоот бунёд мегардад ва аз ин миқдор аллакай 81 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.