Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | 129 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз муассисаҳои таълимии кишварҳои исломӣ ба ватан баргаштанд, таҳсилро дар макотиби олӣ, мадраса ва муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ идома медиҳанд.
Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов гуфт, аз ҷониби Кумита ошкор гардидааст, ки дар маҷмӯъ 2 ҳазору 413 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар кишварҳои исломӣ таҳсил доштаанд. «Баъди андешидани як қатор тадбир бобати баргардонидани донишҷӯёни дар мадрасаҳои хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсилдошта, 1 ҳазору 98 нафар шаҳрвандони ҶТ ба ватан баргашта, боз 853 нафари дигар мустақилона ба ҷумҳурӣ омаданд ва айни замон дар муассисаҳои таълимоти динии хориҷи кишвар 465 нафар тоҷикистониён ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд», – гуфт ӯ.
А.Холиқов мегӯяд, миёни онҳо натанҳо донишҷӯён, балки мактаббачагону довталабон дар курсҳои омодагӣ, афроди машғул ба омӯзиши хатти арабӣ ва муллоҳои ҷудогона низ ҳузур доранд.
Ҳамзамон мавсуф зикр кард, ки аз шумори донишҷӯёни ба ватан баргашта, 68 нафарашон барои таҳсил дар макотиби таҳсилоти умумӣ, 53 тан ба макотиби олии кишвар ва 8 нафар ба мадрасаҳо тақсим карда шуда, яке аз онҳо ба кор дар Кумита оид ба корҳои дин ҷалб шудааст. «Мутассифона, аксари онҳо дар бораи макони таҳсил ҳеҷ ҳуҷҷате пешниҳод карда наметавонанд, зеро муассисаҳои таълимоти динӣ, ки он ҷо таҳсил доштанд, бо сабабҳои номаълуме ҳуҷҷатҳои талабшударо намедиҳанд ва бидуни ҳуҷҷат онҳо дар ин ҷо таҳсилро идома дода наметавонанд», – изҳор иброз дошт номбурда.
Ба қавли А.Холиқов, айни замон ду гурӯҳи олимон ба таҳияи барномаи ягона ва меъёрҳое машғуланд, ки тавассути онҳо бар асоси шартномаҳои тарафайн хоҳишмандон метавонанд расман барои таҳсил ва гирифтани маълумоти олии динӣ ба кишварҳои исломӣ ва маҳз ба мактабҳои олии эътирофшуда раванд. «Шояд ояндаи наздик ба гирифтани маълумоти динӣ дар масҷидҳои марказии кишвар ҳам имкон пайдо шавад», – афзуд ӯ.