Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба таҳияи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳияи Кодекси нави андоз ва масоили тадорукотӣ баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа ба як қатор бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва мӯҳлати иҷрои он аз ҷониби аъзои комиссия пешниҳоду тавсияҳо шуда, бо назардошти пешниҳод, тағйирот ва иловаҳо, нақшаи кори комиссяи тасдиқ карда шуд. «Раиси комиссия, вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов аъзои комиссияро бо ӯҳдадориҳояшон ошно сохта, таҳияи Кодекси нави андозро барои рушди кишвар муҳим арзёбӣ намуд», – гуфтанд дар вазорат.
Вазири молия аз аъзои комиссия даъват кард, ки дар ҷараёни кор ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари вазифаҳои гузошташуда бо истифода аз суроғаҳои электронӣ ва сомонаҳои вазорату идораҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки чорабиниҳо хушсифат ва саривақт ба иҷро расанд.