Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Русия аз вазъ дар шимоли Афғонистон, ки чанде қабл амалҳои террористии густарда рӯйи кор омаданд, нигаронии ҷиддӣ дорад.
«Маҳз аз ҳамон ҷо терроризм босуръат ба қаламрави кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мегузарад», – хабар медиҳад Маркази иттилоооти СММ бо истинод ба муовини аввали намояндаи доимии Русия дар СММ Александр Панкин.
А.Панкин гуфтааст, комилан возеҳ аст, ки толибон то ҳанӯз мақсади муташанниҷу ноамн сохтани вазъ ва барбод додани кӯшишҳои ҷомеаи байнулмилалӣ бобати таъмини сулҳу субот дар Афғонистонро пайгирӣ доранд.
Намояндаи Русия дар СММ ҳамчунин изҳор доштааст, ки таъмини назорати СММ ба нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба сулҳ дар Афғонистон оид ба иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузоштаи Шӯрои СММ бениҳоят муҳим аст. Ӯ таъкид сохтааст, ки онҳо бо иҷозати Шӯрои СММ дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, аз ин рӯ, танҳо пас аз ҳисоботи иҷрои ӯҳдадориҳо бо қарори Шӯро аз он ҷо хориҷ мегарданд. Ба гуфтаи ӯ, «нерӯҳои байнулмилалӣ ба тарки Афғонистон бидуни барҳам задани фаъолнокии террористӣ ва таъсиси артишу пулиси нерӯманду пурсамар ҳуқуқ надоранд».
А.Панкин изҳори умедворӣ кардааст, ки коҳиши шумори нерӯҳои низомии амрикоии аз ҷониби президенти Амрико эълоншуда бояд бо кӯшишоти беҳбуд бахшидан ба иқтидори низомии қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ҷуброн гардад, то ки онҳо ба ҷинояткории ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир истодагарӣ карда тавонанд.