Маскав. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шаҳрванди Тоҷикистон Мақсудҷон Исматов, ки дар қатли Қаҳрамони Русия Сулим Ямадаев гунаҳкор дониста шуда буду дар Аморати Муттахидаи Араб адои ҷазо мекард, ба ватан истирдод гардид. Иштирокчии дуюми куштор – шаҳрванди Эрон Маҳдӣ Лорния низ ба ватанаш истирдод гардид.
Бино ба иттилои ВАО-и Русия, Исматов рӯзи панҷшанбе ва Лорния рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта ба ватан фиристода шуданд.
Ёдрас мекунем, ки сӯиқасд ба ҷони С.Ямадаев ахири моҳи марти соли 2009 дар Аморати Муттаҳидаи Араб сурат гирифта, додгоҳи Дубай М.Исматов ва М.Лорнияро ба ҳабси абадӣ маҳкум намуд (дар АМА ин мӯҳлат 25 сол аст). Додситонӣ пофишорона ҳукуми олӣ – ҷазои қатлро нисбати онҳо талаб карда буд.
Аммо пас аз муроҷиати яке аз бародарони С.Ямадаев – Исо Ямадаев ба ҳукуматдорони АМА дар бораи гузашт кардан ба ҷинояткорон ва рад кардани ҷубронпулӣ аз онҳо, додгоҳи марҳилаи аппелятсионии аморат ахири соли гузашта, парвандаро мавриди таҷдиди назар қарор дода, ҳукми ҳабси абадро ба се соли зиндон (27 моҳ дар АМА) ба ҳар кадоме аз ҷинояткор иваз кард.