Қӯрғонтеппа. 11-уми июл. «Азия-Плюс» — |То агар шахсони аввали мақомоти назорати давлатӣ, оғоз аз Прокуратураи Генералӣ, Вазири корҳои дохила ё сардори Раёсати БДА-и ВКД, сардори хадамоти гумрук, директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, вазири нақлиёт ва роҳбарони ширкатҳои нақлиётии хизматрасон сари як мизи гирд дар Панҷи Поён чамъ наоянду мушкили аз ҳад зиёд бор гирифтани боркашҳоро ҳаллу фасл накунанд, ин масъала ҳалли худро пайдо нахҳад кард, – изҳор дошт сардори филиали КВД «Сертификаткунонӣ, кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт» Шамсиддин Малахов зимни як сӯҳбаташ бо «Азия-Плюс».
Ш.Малахов дар идомаи сӯҳбаташ мегӯяд, ҳарчанд мақомоти онҳо борҳо рейдҳо гузаронидаю боркашҳои зиёдро бо ҷурми аз ҳад зиёд бор гирифтанашон ҷаримабандӣ карда бошад, ҳам, ронандаҳо ҳамоно корашонро идома дода истодаанд. «Ба фикри ман, даҳҳо гурӯҳҳои корӣ санчиш гузаронанду масъалагузорӣ намоянд, то роҳбарони аввали мақомоти дар боло зикргардида дар худи мавзеъи Панҷи-Поён сари як мизи гирд чамъ наоянд, ин мушкилӣ ҳалли худро пайдо нахоҳад кард. Мақомоти назорати ин масъаларо бар дӯши ҳамдигар партофта, худро аз масъулият дур мекунанд. Дар натича шоҳроҳ ва роҳҳои маҳаллӣ ва пулҳо вайрону валангор шудан мегиранд», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои ӯ, корхона аз моҳи апрели соли равон ба фаъолият шурӯъ намуда, аз рӯзи аввали кораш дар минтақаи Панҷи Поён тарозуи назоратии худро васл намуда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намудаст. «Ҳарчанд дар мӯҳлати кӯтоҳ корҳои зиёде ба анҷом расида бошад ҳам, вале фикр мекунам, қонеъкунанда нест. Масалан, мо дар се моҳи фаъолияти худ зиёда аз 320 нақлиёти боркашро барои аз ҳад зиёд бор гирифтанашон ба маблағи бештар аз 61 ҳазор сомонӣ ҷарима бастем. Мутаассифона, дар фаъолияти кориамон ба монеъаҳои зиёде рӯ ба рӯ мешавем. Аз чумла, яке аз монеъаҳое, ки ба фаъолияти мо таъсири манфӣ мерасонад, ин сарпарастии ронандаҳои вайронкор аз тарафи шахсони масъул ва ё мансабдорон мебошад. Барои як мошини боркаш ба мо аз чанд идораҳои бонуфуз занг мезананду супориш медиҳанд, то ба мошинҳои онҳо кордор нашавем. Оиди ин масъала мо ба раиси вилоят ва роҳбарияти болои худ мактуб ирсол намудем», – қайд намуд Малахов.
Ӯ ҳамчунин илова кард, ки байни мақомоти назоратӣ нофаҳмиҳое вучуд дорад, ки факат дар ҳамон мизи гирд, ки болотар гуфтем метавон ба ин нофаҳмиҳо хотима бахшид.
Бояд ёдовар шуд, ки тайи чанд соли охир мушкили аз ҳад зиёд бор гирифтани боркашҳои хатсайри Панҷи Поён –Дӯстӣ – Қӯрғонтеппа роҳбарони шаҳру навоҳии ин минтақа, раиси вилоят ва идораҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро ба дод овардааст.
Ҳарчанд аз тарафи раиси вилоят дар ҷаласаҳои мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилоят эродҳои зиёд гирифта мешавад ва супоришҳо оиди пешгирии вайроншавии роҳҳо дода мешавад, ин мушкилот ҳалли худро пайдо накардааст.
Раиси ноҳияи Ҷ.Румӣ, Қумсангир ва Ҷиликӯл борҳо аз он шикоят мекунанд, ки аз дасти мошинҳои пурбор роҳу пулҳои маҳаллӣ шикастаю вайрон шудаанд.
Ба гуфти Малахов, ҳанӯз аз ба истифода додани марҳилаи дуюми шоҳроҳи Панҷи Поён – Дӯстӣ як сол нагузашта бошад ҳам, аллакай зиёда аз 10 қитъаит роҳ вайрону валангор шудааст, ки бевосита сабаби асосии вайрон шудани ин шоҳроҳ, ки бо маблағҳои калон аз тарафи ҳукумати Ҷопон сохта ба истифода шудааст, ба қайд гирифта шудааст. Агар мо пеши роҳи боркашҳои аз ҳад зиёд бор мегирифтаро нагирем дар як муддати кӯтоҳ ин роҳи бо заҳмати зиёд сохташуда вайрону валангор хоҳад шуд, – илова кард Ш.Малахов.