Маскав, 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ба хотири қурбониёни киштии ғарқшудаи «Булгария» дар рӯдхонаи Волга рӯзи 12-уми июл дар Русия рӯзи мотами миллӣ эълон гардид.
Рӯзи якшанбе дар рӯдхонаи Волга дар масофаи 3 км дуртар аз соҳил киштии сайёҳии «Булгария», ки соли 1955 дар Чехословакия сохта шуда буд, ғарқ шуд.
Тибқи маълумот, дар киштӣ 208 нафар одамон, аз ҷумла наздики 60 нафар кӯдакон қарор доштаанд. Шумори умумии фавтидагон 58 нафарро ташкил дода, 79 нафар наҷот дода шудаанд. Тақдири афроди боқимонда то ҳанӯз мушаххаст нест.
Ёдрас мекунем, ки ахиран Рӯзи мотами миллӣ дар Русия моҳи апрели соли 2010 пас аз суқути ҳавопаймои Ту-154 бо ҳайати Полша ва президенти ин кишвар Лех Качинский эълон шуда буд.