spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боздошти ду маҳбуси фирорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ боз ду нафар маҳбусони фирориро, ки моҳи августи соли гузашта аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, гурехта буданд, боздошт намуданд. Инҳо зодагони 25-солаи Доғистони Русия – Казбек Ҷабраилов ва Низомӣ Абиев мебошанд.

Зимни нишасти матбуотӣ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дар робита ба ин масъала изхор дошт, ки ин ду нафар дар қаламрави ноҳияи Ҷиргатол ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дастгир шудаанд. «Дар он ҷо боз як нафари дигар дар муҳосира қарор дошта, бобати боздошти ӯ чораҳо андешида мешаванд», – гуфт ӯ.

Айни замон ҷиҳати боздошти боз 4 нафар маҳбусони фирорӣ корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ анҷом дода мешаванд. Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи августи соли гузашта 25 нафар маҳбусон аз тавқифгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фирор намуданд. Миёни онҳо чор нафар шаҳрванди Афғонистон, ду нафар шаҳрванди Ӯзбекистон, чор нафар шаҳрванди Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. То ин дам 17 нафар маҳбусони фирорӣ боздошт ва чор нафарашон кушта шуданд.

Моҳи майи соли ҷорӣ мурофиаи додгоҳӣ оид ба ин парванда ба анҷом расида, ҳафт нафар маҳбусон ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Се нафар маҳбусон, аз ҷумла Абурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев ба муддати 30 сол равонаи зиндон шуданд. Боз чор нафари дигар ба ҳабси абад маҳкум гардиданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...