Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нимаи аввали имрӯз президенти Тоҷикистон дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро, ки бо сафари чаҳоррӯза ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур мепазирад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар мулоқоти мазкур баррасии масоили таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳамкории мутақобилаи низомии ҷонибҳо дар назар аст. «Ҳамчунин дар вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтани вазъи кунунии Афғонистон, масоили муборизаи муштарак алайҳи терроризми байнулмилалӣ, ифротгароии мазҳабӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ низ аз эҳтимол дур нест», – гуфт сарчашма.
Ба қавли манбаъ, дар ҷараёни сафар Н.Бордюжа ҳамчунин бо мақомоти раҳбарии Шӯрои амнияти кишвар ва сохторҳои қудратӣ низ гуфтушунид хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.