Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Шурӯъ аз 1-уми июли соли равон ҳукумати Ӯзбекистон меъёри пардохти маблағи иловагӣ барои ворид шудан ва транзит, ки аз ҳар як воситаи нақлиёти хориҷӣ барои убури марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ситонида мешавад, ба андозаи 15% боло бурд.
Мутобиқи қарори ҳукумати Ӯзбекистон, меъёри пардохти маблағи ворид шудан ва транзит аз воситаҳои нақлиёти боркаши хориҷӣ ва автобусҳо, ки марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистонро убур мекунанд, аз 230 то 265 доллари ИМА афзоиш ёфт.
Меъёри пардохти маблағ барои воситаҳои нақлиёт ва автобусҳои Тоҷикистон ба андозаи 14% ё худ аз 103 то 118 доллари ИМА боло рафт.
Барои воситаҳои нақлиёти Туркманистон, ки ба Тоҷикистон мераванд, меъёри пардохти маблағи транзит бетағйир боқӣ монда, барои воситаҳои нақлиёти боркаши ҳаҷми то 10 тонна ва автобусҳои дорои на камтар аз 12 ҷойи нишаст – 35 $ ва воситаҳои нақлиёти боркаши ҳаҷми 10 тонна ва зиёда аз он ва ҳамчунин автобусҳои дорои 12 ва беш аз он ҷойи нишаст 55 доллари ИМА муқаррар шудааст.
Тайи ним соли ахир Ӯзбекистон маротибаи чорум аст, ки меъёри пардохти маблағ барои транзити воситаи нақлиёт тавассути қаламрави Ӯзбекистон ба Тоҷикистонро боло мебарад. Ахиран Ӯзбекистон меъёри пардохти маблағ барои убур ва транзити воситаи нақлиёт ба Тоҷикистонро санаи 1-уми марти соли ҷорӣ зиёд карда буд.