spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Л. Йесен: Бонки ҷаҳонӣ минбаъд низ ба дастгирии Тоҷикистон омода аст

Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар мулоқоти вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва гурӯҳи Бонки миллӣ бо сарварии Ларс Йенсен масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи Вазорати молия хабар доданд, мулоқот дар рӯхияи созанда баргузор шуда, дар он оид ба масоили муҳим ва мушкилот дар бахши молиявӣ-бонкдорӣ табодули афкор сурат гирифт. «Ҷонибҳо масоили дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни фаъолият ва муносиботи кишвар бо созмонҳои банулмилалии молиявиро баррасӣ карданд», – гуфтанд дар котиботи вазорат.

Дар ҷараёни мулоқот Ларс Йесен зикр кард, ки Бонки ҷаҳонӣ ният дорад, минбаъд низ расонидани кӯмаки техникӣ баҳри амалисозии идоракунии қарзи давлатиро идома дода, оид ба таҳлили вазъи қарз ва таҳияи пешниҳодот бобати устуворӣ ва таъмини қарзи давлатии Тоҷикистон, ки ҳадафи аслии татбиқи барномаи Бонки ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ аст, тренингу семинарҳо доир намояд.

Дар навбати худ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки дар давраи баъдибӯҳронӣ кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ саривақтӣ ва зарур аст. Ӯ ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори боварӣ кард.

Зикр гардид, ки гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон бо раёсатҳои дахлдори Вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ масоили марбут ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодиро баррасӣ мекунад. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...