spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Гуфтушуниди дабири кулли СААД бо роҳбарони сохторҳои қудратии Тоҷикистон

Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нимаи дуюми рӯзи чоршанбе дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати Тоҷикистон бо мақомоти раҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва муовини котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ гуфтушунид анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ин гуфтушунидҳо масоили даст ёфтан ба таъмини амнияти минтақа, ҳамкории низомии мутақобилаи ҷонибҳо, таҳким бахшидан ба ҳамкориҳо дар муборизаи муштарак алайҳи терроризми байнулмилалӣ ва ифротгроии мазҳабӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, аслиҳа ва ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ шуданд. «Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Ф.Маҳмадалиев, зимни сафари худ ба Тоҷикистон, ки  то 15-уми июли соли ҷорӣ идома меёбад, Н.Бордюжа аз як қатор қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ боздид карда, бо шароитҳои будубоши афсарону сарбозон ва сатҳи омодагии ҳарбии онҳо аз наздик ошно хоҳад гардид.

Ёдрас мекунем, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 15-уми майи соли 1992 таъсис ёфта, давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...