Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тибқи тағйиротии воридкардаи мақомоти шаҳрдории Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» аз 15-уми июли соли 2011 танҳо ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, агросаноатӣ ва маводи ғизоӣ ихтисос дода мешавад. Дар ин бора ба TojNews сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, шаҳрдории Душанбе ҷиҳати аз рӯи таъинот ба роҳ мондани фаъолияти мӯътадили бозорҳои коммуналии шаҳр, ки ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ихтисос доранд, бо мақсади таъсир расонидан дар нигоҳдории нархи маҳсулоти ниёзи аввал, зиёд намудани нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишварзию агросаноатӣ ва маводи ғизоӣ ба «Қарори дахлдори амалкунандаи раиси шаҳри Душанбе нисбати ҷойгиршавӣ ва махсусгардонии бозорҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз 1-уми июли соли 2011 тағйирот ворид намуд», – гуфт вай.
– Ба қавли ӯ, вобаста ба татбиқи ин муқаррарот муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе С. Сафаров бо Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута вазифадор шудаанд, ки барои фавран аз байн бурдани фурӯши маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» дар ҳамкорӣ бо маъмурияти бозори мазкур чораҳои дахлдор андешанд.