Хуҷанд. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд танҳо ба нафақахӯрони шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум ва Табошар маблағи нафақаи моҳи июн пурра пардохт карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят хабар доданд, феълан дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Айнӣ, Спитамен, Шаҳристон, Ашту Ғончӣ ва шаҳри Конибодом оид ба масъалаи пардохти нафақа вазъи мушкил ба мушоҳида мерасад. Дар ин ноҳияҳо ҳамагӣ аз 5 то 10 фоизи маблағи нафақаи пешбинишуда барои моҳи июн пардохта шудаасту халос.
Ба иттилои манбаъ, вазъ дар шаҳри Чкаловск каме беҳтар аст – дар ин ҷо 82 фоизи маблағи нафақаи пешбинишудаи моҳи июнро нафақахӯрон гирифтаанд. Ба нафақахӯрони вилояти Суғд барои моҳи июн дар маҷмӯъ 20 млн. 900 ҳазор сомонӣ пардохти нафақа пешбинӣ шудааст ва аз ин миқдор то имрӯз каме бештар аз 6,5 млн. сомонӣ нафақа пардохт карда шудааст.
Ба қавли сарчашма, нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми 25 фоиз аз музди меҳнат, ки корхонаву муассисаҳои вилояти Суғд месупоранд, пардохта мешавад ва вазъи мушкили имрӯз ба он вобаста аст, ки ин андозро корхонаву муассисаҳо саривақт пардохт намекунанд.
Бино ба маълумоти раёсати мазкур, айни замон дар вилояти Суғд 177 ҳазору 292 нафар нафақахӯрон зиндагӣ мекунанд.