Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд мусобиқоти I-уми қаҳрамонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба кӯҳнавардӣ оғоз гардид, ки дар он кӯҳнавардони Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Русия ва Белорус ширкат меварзанд.
Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки кӯҳнавардон бояд қуллаи Замин-Қарори воқеъ дар дар маҳаллаи аҳолинишини Марғебро фатҳ намоянд. «Ин мусобиқот то 31-уми июл идома ёфта, кӯҳнавардон хатсайрҳои дорои мушкилоти гуногун ва масофаҳои ҳархеларо тай хоҳанд кард, ки барои кӯҳнавардони кишварҳои узви ИДМ хеле ҷолиб аст», – гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, ҳарчанд ин мусобиқот барои кӯҳнавардони кишварҳои узви ИДМ ҷолиб бошад ҳам, ҳузур надоштани дастаи Тоҷикистон дар он боиси таассуф аст. «Федератсияи кӯҳнавардии Тоҷикистон муддати 20 сол аст, ки амал мекунад, вале наметавонад дастаи ҷумҳуриро дар сатхи зарурӣ омода созад, ҳол он ки барои иштирок даста аз рӯйи нишондиҳандаҳои муайян бояд марҳилаи интихобиро гузарад, яъне аз ӯҳдаи фатҳи хатсайрҳои на он қадр мушкил барояд», – иброз дошт вай.
Ба ақидаи Л.Файзуллоев, баргузории мусобиқоти мазкур дар чунин сатҳ дар кишвари мо ба таблиғоти варзиши кӯҳнавардӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт. «Умедворам, ки дастаи Тоҷикистон дар мусобиқоти соли оянда ширкат хоҳад варзид», – афзуд номбурда.