Хуҷанд. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар доираи амалисозии лоиҳа оид ба идоракунии пурсамари захираҳои маҳаллии созмони ҷамъиятии «Агентии дастгирии равандҳои рушди Нов», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ мешавад, сокинони панҷ ноҳияи вилояти Суғд истифодаи оташдонҳои офтобӣ барои омодасозии ғизоро омӯхтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди созмони мазкур Икром Бобоев хабар дод, соли равон дар беморхона, бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон ва хоҷагиҳои деҳқонии панҷ ҷамоатҳои ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Ғончӣ 39 адад оташдонҳову батареяҳои офтобӣ ва гелиоколлекторҳо насб гардида, ҳангоми мавҷуд будани нури мустақими офтоб, батареяҳо ҳамчун манбаи барқ, гелиоколлекторҳо барои гарм кардани об ва оташдонҳо барои омодасозии ғизо истифода мешаванд.
Ба қавли И.Бобоев, дар Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 300 рӯзҳои офтобӣ мавҷуд аст ва ин таҷҳизот имкон фароҳам месозад, ки қариб муддати тамоми сол аҳолӣ аз нерӯи барқу газ ва ангишт танқисӣ надошта бошад. «Барои ҳамеша дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани дастгоҳу таҷҳизоти мазкур дар ҷамоатҳо кумитаҳо оид ба энергетика таъсис дода шудаанд, ки ба ҳайати он мутахассисони корозмудаи бахши энергетика ҷалб шуда, онҳо курсҳои махсуси омӯзиширо хатм карданд», – афзуд номбурда.