Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов изҳор кард, ки дар партави созишнома ва қарордодҳои дар чаҳорҷӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС) амалкунанда эҳтимоли узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукии Русияву Белорус ва Қазоқистон имконпазир аст.
«Дар ҳамин ҳол, бо назардошти шартҳои амалкунанда дар бораи мавҷудияти марзҳои умумӣ бо кишварҳои узви иттиҳод, Тоҷикистон танҳо пас аз узвияти Қирғизистон метавонад аъзои он гардад», – гуфт вай.
Ба қавли Раҳматов, чун номи иттиҳоди ҳамгиройии мазкур Иттиҳоди гумрукӣ аст, аксарият бар он назаранд, ки ҳалли масъалаи узвият ба он танҳо ба салоҳияти Хадамоти гумрук марбут аст. «Аммо ин тавр нест. Иттиҳоди гумрукӣ ва фаъолияти он – марҳилаи гузариш ба ташаккули фазои ягонаи иқтисодӣ аст, ки маҷмӯи васеи сиёсати иқтисодиро дар бар мегирад ва аз ин рӯ, он танҳо ба хадамоти гумрук вобаста нест», – иброз дошт ӯ.
Номбурда зикр кард, ки айни замон тибқи супориши ҳукумати ҷумҳурӣ як гурӯҳи кории салоҳиятдори байниидоравӣ оид ба омӯзиши масоили узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ таъсис дода шудааст. «Баъди таҳлилу омӯзиши оқибатҳои имконпазири узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ, қарори мушаххас қабул карда хоҳад шуд», – афзуд Н.Раҳматов.