Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳамагӣ 34%-и аҳолии Тоҷикистон хоҳиши нигоҳ доштани пасандозҳои худ бо асъори миллиро дорад, – гуфта мешавад дар гузориши Маркази байнулмилалии пажӯҳиши Гэллапа (Gallup International).
Дар гузориш зикр мегардад, ки 51%-и тоҷикистониён ба доллари амрикоӣ, 4% ба Евро ва 1% ба рубли русӣ эътимод доранд.
Дар ҳамин ҳол, дар гузориш гуфта мешавад, аксари аҳолии кишварҳои собиқи шӯравӣ дар нигоҳ доштани пасандозҳои худ ба асъори миллӣ бартарӣ медиҳанд. Дар Озарбойҷон 75%, Арманистон – 63% ва Русия – 56%-и аҳолӣ ба асъори миллӣ эътимод доранд.
Миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз ҳама бештар дар Белорус (22%) ба асъори миллӣ эътимод надоранд, ки коршиносон онро ба ахиран ба таври бесобиқа беқурбшавии ин асъор марут медонанд. Дар Гурҷистон низ аҳолӣ ба асъори миллӣ – ларӣ он қадр эътимод надорадв а ҳамагӣ 28%-и аҳолӣ пасандозҳои худро бо асъори миллӣ нигоҳ медоранд.
Зимни таҳқиқот маълум шуд, ки дар ин минтақа асъори пешсаф доллари амрикоӣ аст, ки дар муқоиса бо Евро ба он қариб се баробар зиёдтар аҳолии минтақа эътимод доранд.
Мутобиқи натиҷаҳои назарсанҷиҳо рейтинги хеле пасти рубли русӣ муайян шудааст: ба он танҳо дар Тоҷикистону Белорус ва Қирғизистону Арманистон ва он ҳам ба миқдори 1%-и аҳолӣ эътимод доранд.
Таҳқиқоти мазкур давоми соли 2010 миёни ҳудуди 3 ҳазор нафар пурсидашудагон доир гардидааст.