Қӯрғонтеппа. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба масъалаи бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз макотиби динии кишварҳои хориҷӣ, раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев изҳор кард, ки 28 нафар донишҷӯёни баргашта аз ноҳияи мазкур ҳамеша таҳти назорат ва дастгирии ҳукумат қарор доранд.
«Боздошту таъқиби онҳо мушкилотро ҳал намесозад ва ҳамаи мансабдорону аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба тарбияву дастгирии онҳо машғул шаванд ва имрӯз гуфта метавонам, ки якчанд нафари онҳо барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи аграрии мо қабул карда шуданд», – гуфт вай
Дар посух ба суоли рӯзноманиорон перомуни пешгирии ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маводи ғизоӣ, раиси ноҳияи гуфт, мақомоти раҳбарии ноҳия дар ин самт бо маъмурияти бозори маҳаллӣ ҳамеша ҳамкорӣ дорад. «Маҳсулоти ғизоӣ тавассути якчанд даст гузашта, сипас ба бозор ворид мегардад, ки қобили қабул нест. Масалан, дар Саргазон тоҷирон себро аз деҳқонон бо нархи 80-дирамӣ харида, сипас онро дар бозор бо арзиши 3-4 сомонӣ ба фурӯш мебароранд. Вазъи фурӯши гӯшт низ чунин аст. Ман ба ҳамаи роҳбарони ҷамоатҳо супориш додам, ки вазъро ҳамеша зери назорат қарор диҳанд», – иброз дошт М.Сайдалиев.
Ба қавли раиси ноҳияи Данғара, соли 2015 мушкилоти таъмин бо манзили зист дар ноҳия пурра роҳи ҳалли худро меёбад. «Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, аз фонди манзил ба ноҳия 1 ҳазору 800 гектар замин ҷудо карда шуд. То имрӯз мо ду деҳаи нав бунёд кардем ва ояндаи наздик аз ҳисоби азхудкунии заминҳои нав, боз якчанд деҳаҳои нав сохта мешаванд. Тибқи нақшаи генералӣ, соли равон дар ноҳия сохтмони бинои истиқоматии баландошёна ба нақша гирифта шудааст. Аз ин рӯ, гуфта метавонам, ки соли 2015 мушкилоти таъмин бо манзили зист дар ноҳия пурра ҳал гардида, ба ҳар як сокини эҳтиёҷманд ба манзили зист қитъаи замин ҷудо карда мешавад», – афзуд М. Сайдалиев.