spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Академияи ВКД ва Мактаби олии КДАМ ҳуқуқи инсонро меомӯзанд

Душанбе. 22-юми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо иштироки Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гурӯҳи корие таъсис дода шуд, ки ба таҳияи давраҳои омӯзишии махсус оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мубориза бо терроризм оғоз кард. Дар ин бора зимни баргузории машварат оид ба баррасии иҷроиши ўҳдадориҳо бахшида ба меъёри инсонӣ зери унвони «Масоили муҳими бахши ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» муовини сардори академияи ВКД Карим Солиев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, нақзи ҳуқуқи инсон дар ҷараёни амалисозии амалиёти зиддитеррористӣ метавонад як қатор хатарҳо эҷод созад, ки ба имкони аз ҷавобгарӣ дур мондани гунаҳкорон боис гардад. «Дар ҳеҷ санади қонунгузории Тоҷикистон муқаррароте, ки терроризмро ҳамчун асос барои баргузории истеҳсолоти судии махсус таъин карда бошад, мавҷуд нест. Ҳамаи кафолати риояи ҳуқуқи инсон, ки мутобиқи қонун муқаррар шудаанд, зимни амалисозии мубориза бо терроризм низ амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, ин ба риоя накардани ҳуқуқи инсон дар доираи тафтишот ё ҷамъоварии далелҳо бо роҳи ғайриқонунӣ дахл дорад», – гуфт муовини сардори Академияи ВКД.

«Донистани меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ ва риояи ҳуқуқи инсон ба сифати истифодаи қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти масъул ба мубориза алайҳи терроризм беҳбуд мебахшад, – идома дод Солиев. – Дар ин самт мехостам нақши Дафтар оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА-ро, ки таҳияи давраҳои махсуси омӯзишӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва мубориза алайҳи терроризмро бо мақсади ҳамгиройии минбаъдаи онҳо ба барномаи таълимии Академияи ВКД дастгирӣ намуд, махсус зикр созам».

Қобили зикр аст, ки муносибати фарогири САҲА ба амният робитаи мутақобилаи мушкилоти сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дар бахши ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд. Мутобиқи қарори батасвибрасидаи САҲА дар Бухарест дар сатҳи вазирон, «кишварҳои узви САҲА аз озодӣ пуштибонӣ намуда, бо эҳтироми комил ба ҳуқуқи байнулмилалӣ ва ҳуқуқи инсон шаҳрвандони худро аз амалҳои террористӣ муҳофизат хоҳанд кард. Онҳо нисбат додани терроризм ба ягон миллат ё мазҳабро қотеъона қабул надошта, меъёр, усул ва арзишҳои САҲА-ро тасдиқ мекунанд».

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...