Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Душанбе-Хоруғро дубора барқарор кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, чанде қабл ин масъала дар машварати ҳукумати кишвар баррасӣ шудааст. «Дар машварат перомуни озод кардани ширкати «Тоҷик Эйр» аз пардохти маблағи хизматгузориҳои фурудгоҳ ва ҳавонавардӣ қарор қабул гардид, лекин ин қарор ҳоло шифоҳӣ буда, ояндаи наздик баъди мувофиқа бо идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ он расман ба тасвиб хоҳад расид», – гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Тоҷик Эйр» хабар доданд, ки парвози ҳавпаймоҳо тавассути хатсайри Душанбе-Хоруғ рӯзи 25-уми июл дубора барқарор шуданд. «Айни замон мо тибқи меъёрҳои пештараи пардохти хизматгузориҳо амал мекунем ва ба ширкат ҳеҷ сабукиву кам кардани пардохт дода нашудааст. Хатсайри Душанбе-Хоруғ барои мӯътадил сохтани вазъ дубора барқарор гардид. Аз ҷониби шаҳрвандон арзу шикояти зиёде ворид гардид ва мо натавонистем мусофирони худро дар ин ҳол бигузорем», – гуфтанд дар ширкат.
Дар ширкати мазкур умедвори онанд, ки дар фурсати наздиктарин «Тоҷик Эйр» аз пардохти маблағи хизматгузориҳо озод гардида, дар хатсайрҳои дохилӣ ба зиён дучор намегардад.
Ёдрас мекунем, ки парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Хоруғ-Душанбе рӯзи 15-уми июл пурра қатъ гардида буд. Директори генералии ширкат дар робита ба ин масъала изҳор карда буд, ки хатсайри мазкур зиёновар буда, ҳаҷми зарари аз он расида дар як моҳ то 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.