Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта соли равон истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон ба андозаи 16,7% коҳиш ёфтааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар моҳҳои январ-июни соли равон дар КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» 150 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ба миқдори 30 ҳазор тонна камтар аст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин давра ширкат 173 ҳазор тонна алюминии аввалияро ба маблағи 440 млн. $ содирот кардааст.
«Ҳаҷми содироти алюминий нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2% коҳиш ёфта бошад ҳам, дар ифодаи қимати пулӣ он 16% боло рафт, зеро арзиши ин маҳсулот муддати соли равон то ба 400 $ барои як тонна афзуд», – гуфтанд дар вазорат.
Зимнан зикр гардид, ки то ахири соли равон ширкат истеҳсоли 390 ҳазор тонна алюминийро ба нақша гирифтааст. Соли гузашта дар ширкат 349 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол гардида буд.
Алюминии аввалия маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳиссаи ин металл дар ҳаҷми умумуи маҳсулоти содиротии кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна 70%-ро ташкил медиҳад.