Душанбе. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва роҳбари Департамент оид ба рушди тиҷорати хусусӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубии Бонки осиёгии рушд (БОР) Стивен Вермерт ва намояндаи доимии бонк дар Тоҷикистон Қаҳҳор Аминов баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масоили интихоби бахшҳои асосии сармоягузорӣ ва ҷустуҷӯйи шарикони хориҷӣ барои соҳибкорони тоҷик баррасӣ шуданд.
Саид Шариф дар бораи самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маълумот дода, зикр кард, ки барои сармоягузорӣ соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, бахши коркард ва кишоварзӣ қобили таваҷҷӯҳ аст.
Дар навбати худ намояндагони БОР изҳор карданд, ки барои бонк сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ ва сармоягузорӣ ба рушди кишоварзиву ҷалби сармоягузорон ва технологияҳои олӣ мароқовар аст.
Намояндагони бонк ҳамчунин таъкид сохтанд, ки зимни маблағгузорӣ ба рушди бахши кишоварзӣ бояд ҷиҳати ба даст овардани маҳсулоти хушсифат кафолат дода шавад. Ба гуфтаи онҳо, баррасии масъалаи пешниҳоди қарз вақти зиёдро талаб мекунад ва аз ин рӯ, пешниҳоди қарз аз соли 2012 ва минбаъд пешбинӣ мегардад.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2009 Бонки осиёгии рушд ба Тоҷикистон танҳо кӯмаки бурсӣ мерасонад.