Хуҷанд. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ ва дар остонаи оғози моҳи шарифи Рамазон дар бинои «Кохи Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоту колои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кор шурӯъ кард.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти 25 ширкати эронӣ пешкаш мегардад. Ин маҳсулот аз маводи ғизоӣ, воситаҳои шустушӯй, масолеҳи сохтмон, маснӯъоти заргарӣ, косметикаву ороишот, филтрҳо барои об, кондитсионерҳо ва ғайра иборатанд.
Бино ба маълумоти ғарирасмӣ, нисбат ба соли гузашта шумори иштирокчиёни намоишгоҳ кам шудааст. Гуфта мешавад, бинобар ҷой доштани мушкилот дар интиқоли маҳсулоту коло тавассути роҳи оҳани Ӯзбекистон, як қатор соҳибкорон аз ширкат дар ин чорабинӣ даст кашидаанд.