spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Таъсиси Шӯрои амнияти озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон

Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Дар маҷлиси ҳукумат нахуст ҳисоботи Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов оид ба татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 3 марти соли 2006 амал мекунад, шунида шуд. Таҳия ва нашри китобҳои Маърифати шаҳрвандӣ, Фарҳанги муошират, Фарҳанги меҳмоннавозӣ, Кадбону, Маданияти оиладорӣ, як қатор дастурҳои методӣ-таълимӣ, маҷмўаҳои ашъор ва асарҳои дигар бо тарғиби ватану ватандорӣ аз ҷумлаи тадбирҳои арзишманди дар доираи иҷрои ин санад анҷомёфта маънидод шуд.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф дастур дод, ки то моҳи январи соли 2012 Барномаи давлатии тарбияи насли наврасро таҳия ва пешниҳод намоянд. Вазорату идораҳои дигари масъул низ вазифадор шуданд, ки дар тарбияи дурусти насли наврас саҳми арзандаи худро гузоранд.

 Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба бартарафсозии норасоии омўзгорон дар мактабҳо, бунёди муассисаҳои томактабӣ дар маҳалҳои аҳолинишини ҳамаи минтақаҳо, зиёд намудани мактабу боғчаҳои кўдаконаи хусусӣ, бо далелҳои қотеъ фаҳмондани зарари телефонҳои мобилӣ, хусусан ба саломатии кўдакону наврасон, супоришҳои мушаххас дод.

 Оид ба татбиқи Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 31 декабри соли 2008 амал мекунад, Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ҳисобот дод.

 Дар ҳисобот зикр гардид, ки барои татбиқи босамари консепсияи мазкур як қатор барномаҳои давлатӣ,  аз ҷумла доир ба рушди парандапарварӣ, занбўриасалпарварӣ, зотпарварӣ, беҳгардонии ҳолати чарогоҳҳо, моҳипарварӣ, пахтакорӣ, тухмипарварӣ, боғутокпарварӣ ва ғайра қабул шуда, татбиқ мегарданд.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои беҳдошти соҳа ва таъмини рушду тараққиёти бемайлони он дар назди масъулин доир ба таъсис додани хоҷагиҳои алтернативии хусусии тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва зотпарварӣ, таъмини хоҷагиҳо бо техника, барқарорсозии чоҳҳои обкашӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин тарғиби васеи парвариш, коркард ва истеъмоли ҷуворимакка дастуру ҳидоятҳо дод.

 Ба вазорати кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута ва ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо супориш дода шуд, ки барои ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ ба ин соҳа ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои судбахш андешида, амалӣ намоянд.

 Бо қарори ҳукумати кишвар Шўрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ва бо узвияти роҳбарони вазорату идораҳои марбута фаъолият хоҳад кард.

 Лоиҳаи ду қонун – «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ва ҳамчунин лоиҳаи як қатор қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи милитсия» пешниҳод гардид.

 Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хорўғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон барои беш аз 2 ҳазор оилаи ниёзманд қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.

 Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи аҳли толорро ба омодагӣ ба моҳи шарифи Рамазон, иди саиди Фитр ва таҷлили 20 умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарватманду саховатпешаро ба дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, мискинон ва дигар аҳолии ниёзманд ҳидоят карда, таъкид дошт, ки фитри рўза ва хайру садақоти моҳи шарифи Рамазон ҳам бояд ба ҳамин гуна одамон дода шавад. Масъулини дахлдор вазифадор шуданд, ки дар айёми иду ҷашнҳои мазкур бозори истеъмолии кишварро бо маҳсулоти хушсифату арзон таъмин намоянд.

 Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Зуҳуров дастур дод, ки ба муносибати 20-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон то ҷашни Наврўзи соли 2012 дар 1 миллион хонаҳои аҳолии кишвар, пеш аз ҳама хонаҳои оилаҳои  камбизоат телефонҳои хонагӣ гузаронда, истифодаи як моҳи аввали онро ройгон пешкаш намоянд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...