Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Аввали моҳи августи соли равон ҳаракати нақлиёт тавссути нақби «Истиқлол» муваққатан манъ карда мешавад.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, айни замон ширкати эронии «Sangob», ки сохтмони нақбро идома медиҳад, ба интиқоли техникаву таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳати муҷаҳҳаз сохтани нақб бо дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва ҳавософкун машғул аст.
«Идомаи корҳои сохтмонӣ дар нақб аввали моҳи август шурӯъ мегарданд», – гуфтанд дар Вазорати энергетика ва саноати кишвар.
Бино ба иттилои манбаъ, масъалаи сармоягузорӣ ба идомаи сохтмони нақб ҳаллу фасл гардида, Тоҷикистону Эрон барои ҷудо кардани 3 млн. доллари ИМА аз ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расидаанд. То ахири соли равон пурра ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ дар нақби «Истиқлол» ба нақша гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки нақби «Истиқлол» на танҳо муддати тамоми сол робита бо минтақаи шимоли ҷумҳуриро таъмин мекунад, балки минбаъд барои даст ёфтан ба кишварҳои хориҷи дуру наздик низ шароит фароҳам хоҳад сохт.
Сохтмони нақб соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии «Sobir International» оғоз гардида буд. Баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур Эрон беш аз 31 млн. доллари ИМА ҷудо кард, ки 10 млн. $-и он бурс ва 21, 2 млн. доллари ИМА қарз буд. Аз замони оғози амалисозии лоиҳа ҳиссаи Тоҷикистон дар он 7,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.